Хост кумак кунад, аммо нашуд: кори шери нар барор нагирифт - видео

274
Тамошобинон дар боғи миллии Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ саҳнаи шикори шери модаро сабт кардаанд

Шери мода, оҳиста ба сайд – “импала” наздик мешуд, ки шери нар қасди кумакаш кард, аммо ба ҷои кумак халал расонд ва дар натиҷа сайд фирор кард.

“Хатои ғайрикасбӣ. Шери нар аз тарафи боло ва мода аз тарафи поён сӯи сайд ҳамла карданд, ки бо бархӯрди шерҳо ва раҳоии сайд анҷом ёфт”, - навиштааст Крейг Купер, муаллифи видео.

Ноширони навор дар шарҳ навиштаанд, ки шояд чунин қазияҳо буданд, ки аслан шерони мода бештар шикор мекунанду шерони нар танҳо минтақаашонро бонӣ мекунанд.

274