Конкурс красоты, архивное фото

Тоҷикдухтар дар Русия ғолиби озмуни зебоӣ шуд

282
Нилуфар дар даври аввали маҳфил мувофиқи овоздиҳии мухлисон дар Интернет баъди Дния Хайретдинова аз Тотористон дар ҷои дуюм қарор дошт, аммо дар даври дуюм ба ӯ муяссар шуд, ки ҳам ҳайати жюрӣ ва ҳам тамошобинонро мафтун кунад

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Духтари 20-солаи тоҷик дар озмуни зебоии вилояти Владимири Русия ҷои аввалро ишғол намуда соҳиби унвони “Зебосанами халқҳои сарзамини Владимир” гардид, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Дар ин озмун зебосанамон аз Қазоқистон, Озорбойҷон, Чеченистон, Арманистон, Тотористон, Русия, Мордовия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат намуда буданд.

Нилуфар дар даври аввали маҳфил мувофиқи овоздиҳи дар Интернет баъди Дния Хайретдинова аз Тотористон дар ҷои дуюм қарор дошт. Аммо дар даври дуюм ба ӯ муясар шуд, ки ҳам ҳайати жюрӣ ва ҳам тамошобинонро мафтун кунад.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми хондани номҳои ғолибон аз ҷониби ҳакамон худи тамошобинон бо як овоз: Нилуфа! Нилуфар! Нилуфар! – гуфта фарёд мекашиданд.

Нилуфар дар курси чоруми факултаи психологияи Донишгоҳи давлатии Владимир ба номи Александр ва Николай Столетовҳо таҳсил мекунад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ Нилуфар дар ин маҳфил иштирок карда буд ва ғолиби бахши “Гратсия” гашта буд. Он вақт дар чаҳорчубаи маҳфил иштироккунандагон дар бораи кишварҳои худ нақл карда, либосҳои миллӣ ва инчунин таъомҳои милли худро намоиш ва пешкаш намуда буданд.  

 

282