Наҳанг шиноварро фурӯ бурда баъдан ӯро пуф кард видео

1403
(Таҷдидшуда 18:40 13.03.2019)

Каме монд шиновар ва суратгири тагиобӣ Рейнер Шимпф туъмаи наҳанг шаванд.

Як гуруҳ аксбардорони зериобӣ дар Порт-Элизабети Африкои Ҷанубӣ ҳайвоноти баҳрӣ ва зебогии дохили обро аксбардорӣ ва ба навор мегирифтанд.  

Ногаҳон наҳанге ба шиновар ҳуҷум карда, ӯро дар як лаҳза ба даҳони калонаш фуру мебарад.

Аксбардорон ин ҳолатро ҳам аккосӣ ва ҳам наворбардорӣ кардаанд.

Аммо баъди лаҳзае наҳанг ӯро аз даҳонаш ба берун пуф мекунад.

Ба гуфтаи ҳамроҳони ин мард, онҳо ба таври ногаҳонӣ ҳуҷуми наҳангро ба дӯсташон ба навор гирифтаанд.

Бояд қайд кард, ки наҳанг аз хуки обӣ ва делфинҳо фарқ дорад.

1403

Табодули таҷрибаву дониш: пизишкони Русия ба хотири кумак озими Қазоқистон шуданд - навор

87
Пизишкони Русия ба хотири имдод расондан ба ҳамтоёни қазоқи худ озими Қазоқистон шуданд ва муддати як моҳ бо онҳо табодули таҷрибаву дониш мекунанд

Пизишкони Русия ба хотири мубориза бурдан алайҳи маризии коронавирус озими Қазоқистон шуданд ва бо ҳамтоёни худ аз ин кишвар табодули донишу таҷриба мекунанд.

Таъкид мегардад, ки пизишкони Русия давоми яе моҳ дар Қазоқистон мемонанд ва роҳи дурусти мубориза алайҳи ин маризиро ба табибони қазоқ нишон медиҳанд.

Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид

Ба ҳайати табибони рус, ки озими ин кишвар шуданд, пизишкони кӯдакона, анестизологу реанимотолог ва табибони бемориҳои сироятӣ қарор доранд.

Русия дар баробари ирсол намудани пизишкони ботаҷриба ба Ҷумҳурии  Қазоқистон, инчунин маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро низ кумак кард.

87
Барчаспҳо:
навор, Қазоқистон, кумак, Русия

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

1013
(Таҷдидшуда 22:09 04.08.2020)
Дар Бейрут таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо бинову манзилҳои зистро комилан хароб намуд. Зери харобаҳо чандин нафар қарор доранд

Сокинони Бейрут лаҳзаи таркиши шадидиро тавонистанд ба навор гиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кунанд.

Қувваи таркиш ба ҳадде буд, ки тирезаҳои биноҳои шикаста, чандин манзилҳо аз шиддати таркиш фурӯ рехтанд.

Гуфта мешавад, таркиш дар анбори маводҳои пиротехникӣ сар задааст.

Феълан маълум нест, ки миёни харобаҳо чӣ миқдор мардум қарор дорад. Наҷотбахшон аз маҳали ҳодиса чандин нафаронро кӯч доданд, ки сахт ҷароҳатдор шудаанд.

"Тибқи иттилои роҳбари Вазорати тандурустии Лубнон Ҳамад Ҳасан, дар бандари Бейрут як киштии дорои пиротехника таркид. бар тибқи маълумоти пешакӣ, даҳҳо нафар бар асари ин ҳодиса фавтиданд".
1013
Садамаи маргборе, ки дар пайи он Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид

КҲФ низ садамаи Баҳром Ғафуриро шарҳ дод ва чанд акс аз ҷои ҳодиса нашр кард

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода менависад, ки агар ҳодиса соати 4:00 рух дода бошад, соати 4:18 дастаи наҷоти КҲФ ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Аммо мутаассифона ҳунармандро натавонистанд аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. КҲФ низ садамаи мудҳишеро, ки дар пайи он овозхони номӣ Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд шарҳ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст.

Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд, афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ
Дафтари матбуоти КҲФ
Садамаи маргбори Баҳром Ғафурӣ

Гуфта мешавад, дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Сабаби ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ва БДА-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ муаяйн карда мешавад.

0