Байни марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт?: навори шоҳидон

1137
дар натиҷаи муноқишаи марзии рӯзи 13 март миёни сокинони деҳаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон як нафар ба ҳалокат расида, 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. Шоҳидон ҳодисаро навор гирифтаанд

Навор аз лаҳзае сар мешавад, ки гурӯҳи одамон дар роҳ меистанд ва чанд метр дуртар аз онҳо марзбоне истодааст.

Дар навор шунавида мешавад, ки ҷонибҳо ба ҳам дод мезананд. Марде, ки дар тан либоси сиёҳ дорад, ба сӯи марзбон ишора карда, бо эътироз чизе мегӯяд.

Пас аз чанд лаҳза ба мантақа мошине меояд. Дар навор дида мешавад, ки аз паси автомобил одамон додзанон медаванд.

Дар наворҳои минбаъдӣ дида мешавад, ки ёрии таъҷилӣ мардеро, ки пояш шикастааст, мебарад.

Ёдрас мешавем, дар натиҷаи муноқишаи марзии рӯзи 13 март миёни сокинони деҳаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон як нафар ба ҳалокат расида, 20 нафар маҷрӯҳ шуданд.

13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба  сохтмони роҳи “Коктош-Оқсой-Тамдиқ”-ро оғоз намуд.

Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи “Исфара-Ворух”-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи "Газел"-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии “Оқсой” гаравгон гирифтанд.

Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид.

1137