Сол барои ӯ 1 рӯз: барандаи телевизиони Чин даҳсолаҳо пир намешавад - видео

283
Дар шабакаи интернет навори Янг Дан, барандаи телевизиони Чин нашр шуд, ки 23 сол боз барномаи обуҳаворо мебарад, аммо зоҳиран пир намешавад

Навори Янг Данро, ки солҳо дар пешаш оҷизанд, дар арафаи 8-уми март телевизиони марказии Чин нашр кардааст. Дар навор Янг Дан дар солҳои гуногун – аз 1996 то 2018 намоиш дода шудааст.

Корбарони интернет гуфтаанд, бар асоси ин навор зоҳиран барои барандаи телевизион ин 23 сол чун 23 рӯз гузаштаанд.

Ӯ бори аввал дар телевизиони Чин соли 1996, замоне, ки ҳамагӣ 22 сол доштааст, пайдо шудааст. Янг Дан ҳамарӯза соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ тариқи телевизион дар бораи обуҳаво нақл мекунад.

Вай солҳои 2012 ва 2013 бо ҷоизаи “Микрофони тиллоӣ” қадрдонӣ шудааст. Сирри ҷавонии Янг Дан нокушода мондааст, таъкид кардаанд тамошобинон.

283
Барчаспҳо:
баранда, телевизион, асрор, ҷавонӣ, Чин, Ҷаҳон