Цвет настроения синий: дар Узбакистон нахустин майдони бузурги Humo Arena ифтитоҳ шуд

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Узбакистон нахустин майдони бузурги бисёрсоҳавӣ ба баҳрабардорӣ расид

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Рӯзи 15 март дар Тошканд майдони бузурги Humo Arena ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Дар маросими кушодавашии майдон варзишкорони узбак, ситораҳои варзиши ҷаҳонӣ ва ҳунармандони эстрадаи Русия ширкат карданд.

Маросимро раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо суханронӣ оғоз карда, кушодашавии Humo Arena-ро марҳилаи нав дар соҳаи варзиши кишвар номид.

Ҳунармандон ҳамаи имконоти майдонро дар рӯи як саҳна нишон доданд. Яке паси дигар саҳнаро гоҳо ба майдони шиноварӣ, гоҳо ба майдони футболбозӣ ва ринг бадал мекарданд. 

Шоу бо ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи Русия-Филипп Киркоров, Дима Билан ва Николай Басков ба анҷом расиду, ҳунарнамоии қаҳрамони олимпӣ Татяна Навка бо саҳани "Щелкунчик" тамошобинонро ба ваҷд овард.

Лентаи хабарҳо
0