Мубориза барои зинда мондан: сайёҳ суқути чархболро ба навор гирифт

102
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он яке аз ҷабрдидагон ҳодисаи суқуқти ҳавопаймо дар Қирғизистонро ба навор гирифтааст

Як донишҷӯи 22-сола бо номи Дэвид аз Олмон ҳодисаи суқути ҳавопайморо дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон аз дохили чархбол ба навор гирифтааст.

Дар видео дида мешавад, ки чигуна чархбол оҳиста фуруд меояд, аммо нобаҳангом сарнишин аз ӯҳдаи идораи он намебарояд. Пас аз чанд дақиқа, сурати чархбол тезтар мешавад ва меафтад.

Ҳодиса моҳи июли соли гузашта рух додааст.

Тамоми борхалтаҳое, ки дар дохили чархбол буданд, якбора ба болои сайёҳон сарозер мешаванд ва гардишгарон пас аз лаҳзае зери борхалатаҳо мемонанд. Бархеи мусофирон ба болои ҳамдигар меафтанд. Пас аз чанде шӯру ғавғо сар мешавад: мусофирони зери бархалтаҳо монда, кӯшиш мекарданд, ки наҷот ёбанд.

Дар навор мушиҳида кардан мумкин аст, ки чигуна муаллифи он бо мушкилӣ аз зери сумкаҳо боло мешавад. Дертар ӯ ин қазияро шарҳ дода гуфтааст, ки афзун ба борхалтаҳо ба болои вай роҳбалади сайёҳон низ афтида буд.

Дэвид пас аз чанде ҳис мекунад, ки почаҳояш сӯзиш мекунанд. Маълум мешавад, ки карасин рехтааст.

"Ҳарос аз зинда ба зинда сӯхтан, ҳар сония маро водор мекард, ки барои зинда мондан боз кӯшиши бисёртар кунам. Бо як мушкилӣ ба қисмати оқиби кабина гузаштам ва аз тариқи сӯрохие худро ба берун задам", - гуфтааст Дэвид.

Маълум аст, ки дар пайи ҳодиса касе ба ҳалокат нарасида, барои наҷоти ҷароҳатбардоштагон чархболи дигареро аз Қазоқистон ирсол кардаанд.

102