Таркиши мудҳиш дар коргоҳи кимёвӣ дар Чин - Видео

202
Дар интернет навори таркиши бузург дар заводи кимёвии "Сизянсу Тянсзя"-и Чин чарх мезанад

Таркиш дар коргоҳи кимёвӣ чанде пеш дар шарқи Чин рух додааст.

Нафаре аз шоҳидон лаҳзаи таркиш дар заводи кимёвиро ба навор гирифтааст. Дар он дида мешавад, ки чигуна заводи химикӣ оташ мегирад ва баъди чанде ногаҳон таркиши шадиде рух медиҳад. Дар лаҳзае забонаи оташ тамоми атрофро фаро мегирад.

Маълум аст, ки дар пайи ҳодиса 47 нафар кушта ва дигарон дар ҳолати вазнин қарор доранд. 

Феълан сӯторро хомӯш кардаанд ва амалиёти махсус идома дорад. Аз ҳудуди ҳодиса сокинон ба ҷои бехавф кӯчонида шудаанд. Мактабу боғчаҳои кӯдаконае, ки дар наздикӣ ҷой гирифтаанд, муваққатан баста шудаанд. 

Ин таркиш бузургтарин таркиши соли равон дар Чин ба ҳисоб меравад.

202