(4:41 / 38.14Mb / просмотров видео: 1260)

Навори консерти Далер Назаров дар Маскав

391
(Таҷдидшуда 10:57 25.03.2019)
Рӯзи 22 март дар толори "Оркестрион"-и Маскав консерти ҳунарманди асил Далер Назаров баргузор шуд.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳам дар консерт ширкат кард.

Дар маҳфил беш аз 500 тамошобин ҷамъ омада буд. Миёни онҳо фарҳангиёну элитаи тоҷикони Маскав низ буданд.

Миёни мардум амояндагони миллатҳои гуногун дида мешуд, ҳам тоҷику ҳам русу ҳам қазоқу ҳам қирғиз, чунин менамуд, ки Далер Назаров тавониста бори дигар кишварҳои пасошуравиро якҷо кунад. 

Далер Назаров гуфт, ки баргузории ин консерт дар нақша ҳам набуд ва тасодуфан чунин вохӯрии ӯ бо мухлисонаш иттифоқ уфтод ва аз дидор бо онҳо бисёр шод аст.

"Ин хушбахтист, ки чунин рузҳои дидор насиби мову шумо мешаванд",-гуфт ӯ.

Ба консерти Далер Назаров дӯстону пайвандон, мухлисон, ёру ҳамсояҳои маэстро аз шаҳри Маскав ва вилоятҳои назди он омада буданд. Аксари тамошобинон бо хонаводаҳояшон омада буданд. Бузургтарин мухлиси Далер аз 80 гузашта буду хурдтаринаш ҳамагӣ шаш моҳ дошт.

Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"

Фазои толори консертӣ бисёр орому дилкаш буд. Далер Назаров сурудҳои нав ва пешина аз қабили "Любовь", "Весла", "Бар сари куи вафоят", "Биёед", "Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро", "Лунний свет", "Тюлпан"-ро сароиду ҳунари мусиқанавозиашро ҳам ба мухлисон пешкаш кард.

391
Мавзуъ
Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"
Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд
Далер Назаров Наврӯзро бо тоҷикистониёни Русия якҷо таҷлил мекунад

Табобат мекунад: Путин дар бораи нахустин ваксинаи зидди COVID -19 дар Русия - видео

420
Исбот шудааст, ки аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар Русия аллакай бехатирӣ ва самаранокии худро нишон додааст

Нахустин ваксина аз коронавируси COVID - 19 дар Русия сабти ном шуд, эълом кард президенти кишвар Владимир Путин.

"Субҳи имрӯз бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи коронавирус сабти ном шуд", - изҳор дошт Путин дар рафти маҷлис бо узви ҳукумати кишвар.

Путин таъкид кард, ки ваксинаи коронавирус аз тамоми ташхисҳои лозима гузаштааст.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

"Медонам, ки ваксинаи мазкур самарабахш аст, маснуияти баданро ҳосил мекунад", - афзуд президенти Русия.

Путин ба коршиносон барои кори фаврӣ ва пурмасъул дар коркарди ваксинаи зидди коронавирус изҳори сипос кард. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ба наздикӣ ваксини мазкур дар ҳаҷми зиёд истеҳсол ва ба аҳолӣ дастрас мешавад.

Вазири тандурустии кишвар Михаил Мурашко таъйид намуд, ки нахустин ваксини дар Русия сабтиномшуда аллакай самаранокӣ ва бехатарии худро исбот кардааст.

420
Барчаспҳо:
нахустин, Русия, Владимир Путин

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

698
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

698
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

2297
(Таҷдидшуда 21:57 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, ки қаблан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуда буд, феълан муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст карда буданд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Аммо наздикони шоири халқӣ мегӯянд, вазъаш рӯ ба беҳбуд ва феълан муътадил мебошад. Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз наздикони Гулназар Келдӣ дар саҳифааш миннатдории устодро ба ҳамаи онҳое, ки ҷӯёи ҳолашанд, баён дошт.

"Яке-ду рӯзи аввал ба дастгоҳи танаффуси маснӯъӣ ниёз доштанду акнун ҳолашон рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст. Орзумандем, ки базудӣ бо такмили давраи муъолиҷаи худ ба оғӯши хонавода баргарданд", - навишт Раҷабиён.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

2297