Боевой вертолет, архивное фото

Чархбол суқут кард ва 13 нафар ба ҳалокат расид видео

1436
Роҳбари кишвар ба оилаҳои ҳалокшудагон таъзия байён карда сабри ҷамил хонд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар вилояти Қизилордини Қазоқистон чархболи низомӣ ба садама дучор шуд, ки дар натиҷа 13 нафар ба ҳалокат расидаанд, иттилоъ додааст Sputnik Қазоқистон.

Чархбол 27 марти соли равон  аз Актав ба Шимкент дар қатори се чархболи низомии дигар равона будааст. Ба гуфтаи манбаъ парвози чархбол дар торикӣ сурат гирифта ба мушкилиҳои боду ҳавоӣ низ дучор шуда будааст.  

Бо фармони Вазири мудофиа генерал-майор Нурлана Ермекбаева ба ҷои ҳодисаи комисияи махсус равон карда шудааст. Дар якҷоягӣ бо намояндагони ВУД сабабҳои сар задани ҳодисаро баррасӣ менамоянд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сухтани чархбол дар мавқеи ҳодиса дастраси бинандагон гардидааст.

Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба оилаҳои ҳалокшудагон таъзия байён карда сабри ҷамил хондааст.

1436
Барчаспҳо:
чархбол, суқут, Раисҷумҳур, Қазоқистон