Навори инфиҷор дар Петербург

150
Дар бинои Академияи низомиву кайҳонии ба номи Можайскии шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор рух дод

Дар натиҷа чор тан маҷрӯҳ шудаанд.

Курсантон ва кормандони академияро ба ҷоийи бехавф кӯчониданд, дар ҷойи ҳодиса намояндагони ФСБ ва Кумитаи тафтишотии Русия кор мекунанд.

Академия ба Вазорати дифои Русия тааллуқ дорад. Муассисаи таълимӣ барои қӯшунҳои кайҳонӣ мутахассис омода мекунад.

Сабабҳои ҳодиса тавзеҳ дода намешавад.

150