(2:11 / 15.85Mb / просмотров видео: 1679)

Пирӯзӣ бар тарс: раиси “Нур” мақсадҳои асосии олимпиада дар Маскавро гуфт - видео

472
Муҳассилини тоҷики Маскав ва атрофи он дар олимпиадаи ташкилкардаи созмони ҷамъиятии “Нур” донишашонро аз фанҳои гуногун, аз ҷумла забони русӣ санҷиданд

Дар олимпиада, ки аз 25 март то 5 апрел идома меёбад, хонандаҳои синфи 5 – 11 иштирок мекунанд. Созмони “Нур” олимпиадаи мазкурро соли сеюм аст, ки баргузор мекунад ва соли равон ҳудуди 300 дархост барои иштирокро дастрас кардааст.

Наим Амонбеков, масъули бахши маорифи созмони “Нур” мегӯяд, ҳадафи чорабинӣ баҳогузории сатҳи дониши наврасон ва муайянсозии таваҷҷуҳашон ба фанҳои мушаххас мебошад.

Ҷоизасупорӣ ба ғолибон 7 апрел дар назар аст. Баргузоркунандагон таъкид менамоянд, ки ҳадаф ҷоиза не, балки иштироки наврасон ва кӯмак ба кӯдакону волидонашон дар таҳсил ва интихоби касб мебошад.

Алимамад Боймамадов, роҳбари созмони “Нур” мегӯяд, барои бисёре аз кӯдакон, махсусан кӯдакони муҳоҷирон олимпиада - ин як монеаи равонӣ, як чизи дастнорас  пазируфта шудааст. Ӯ афзуд, чунин чорабиниҳо ба кӯдакон кумак мекунанд, ки ин монеаи равонӣ бартараф карда шавад.

Мактаб. Акс аз бойгонӣ
© Фото : ПРЕСС-СЛУЖБА ЦЕНТРАЛЬНОГО ВОЕННОГО ОКРУГА

“Мо мехоҳем, кӯдакон аз иштирок дар чунин чорабиниҳо натарсанд. Ин вазифаи аввалиндараҷаи мост. Ҳадафи дуюм, дар пайи олимпиада муҳассилин вобаста ба сатҳи донишу лаёқат гуруҳбандӣ мешаванд. Сипас мо мураббиён аз Маркази таҳсилоти умумии Маскавро даъват мекунем ва онҳо вобаста ба меъёрҳои олимпиадаҳои Маскав бо талабаҳо дарсҳои алоҳида мегузаронанд”, - таъкид кардааст Алимамад Боймамадов дар суҳбат бо бахши русии Sputnik Тоҷикистон.

Лоиҳаи олимпиадаи мактабии "Нур" яке аз самтҳои фаъолияти бахши таълимии созмон мебошад. Ин лоиҳа яке аз қисмҳои силсилаи фанноварӣ аст, ки барои беҳбуди таҳсили кӯдакони зодаи Тоҷикистон, роҳандозӣ шудааст.

472