“Моро мумкин ин сел барад”: навори сели мудҳиш дар Хатлон

1057
Сокинони навоҳии Тоҷикистон наворҳои сел дар маҳалли иқоматашонро дар интернет нашр кардаанд, ки харобиҳои зиёд дар пай доштааст

Дар навори нашршуда аз макони сели мудҳиш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, сокинон дар ҳолати ҳарос қарор дошта, ҳамдигарро даъват мекунанд, ки тариқи телефон аз ҳоли наздикони дигар хабар гиранд.

 “Ҳамаи ҷоро сел зада истодааст. Моро мумкин ин сел барад. Мо наметавонем дигар”, - изҳор медорад зане бо овози гиряолуд ва афзуд Худоро барои ҳифзашон зора доранд.

Борону сел навоҳии Тоҷикистонро охири ҳафтаи гузашта фаро гирифта, ба иттилои Ожонси обуҳавошиносии кишвар ҳавои номусоид то 10 апрел идома хоҳад ёфт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, сел дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи ВМКБ, ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Турсунзода ва Ҳисор ба як қатор заминҳои кишт, роҳҳои мошингард, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

1057

Аз меваю сабзавот то нону асал: Раҳмон аз ҳосили фаровони деҳқонон дидан кард - навор

76
(Таҷдидшуда 16:10 03.07.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Суғд, аз натоиҷи заҳмати деҳқонони ин минтақа дидан намуд

Навор аз лаҳзаи боздиди кишвардори Тоҷикистон аз заминҳои кишт ва боғзорҳои Суғд дар сафҳаи Президент дар Фейсбук нашр шудааст.

Аз навор бар меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дидан намудан аз кори заҳматталаби деҳқонон ба заминҳои кишт ва боғзорҳо ташриф  овард.

Оғози сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон дар Хистеварз беморхонаи “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ кард

Сарвари давлат дар ин навор бо деҳқонон сӯҳбатҳо ороста аз нақшаву ниятҳо ва ҳамзамон мушкилоти онҳо пурсон шудааст.

Дар навор заминҳои кишти помидор, ғаллаву ҷуворимакка нишон дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳое боздиди намуд, ки маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

76
Барчаспҳо:
деҳқон, навор, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд

Гармӣ монеа нест: видеои раъйдиҳии русиягиҳо дар Тоҷикистон-навор

99
(Таҷдидшуда 22:41 01.07.2020)
Бо вуҷуди гармии шадид дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба раъйдиҳӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Русия зиёд аст. Шаҳрвандони Русия дар назди бинои сафорат дар Душанбе навбатпоӣ карданд, то овоз диҳанд

Дар Тоҷикистон барои раъйгирӣ дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Федератсияи Русия шаш маркази интихоботӣ дар чаҳор шаҳр - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Норак, дар қаламрави сафорати Русия, консулгарии генералӣ ва пойгоҳи низомии 201 - и Русия фаъолият мекунанд.

Байни 25 июн ва 1 июл, то оғози рӯзи асосии раъйдиҳӣ, аллакай беш аз 3500 шаҳрванди Русия  раъй додаанд. Инҳо сарбозони пойгоҳи 201, иншооти "Окно" дар Норак, намояндагони идороту созмонҳои Русия дар Тоҷикистон ҳастанд.

Дар рӯзи асосии раъйдиҳӣ дар Душанбе аллакай 613 шаҳрванди Русия овоз доданд. Қобили зикр аст, ки имрӯз Душанбе хеле гарм аст, ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа боло рафтааст. Аммо, сарфи назар аз чунин ҳавои гарм ва набудани шамол, шаҳрвандони Русия дар барои овоздиҳӣ дар навбат истоданд.

Мувофиқи талаботи “Роспотребнадзор” барои овоздиҳӣ якнафарӣ бо риояи фосила ба сафорат ворид мешаванд.

Равиши раъйгирӣ мутобиқ бо талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ дар замони пандемия анҷом мешавад. Ба раъйдиҳандагон иттилоъ дода мешавад, ки ҳатман аз ниқобу дасткаши пизишкӣ истифода кунанд.

Дар оғози рӯз Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвараш ба раъйдиҳӣ барои иловаи тағйирот ба Конститутсияи Русия хеле зиёд мебошад.

99
Барчаспҳо:
овоздиҳӣ, Русия, Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин

Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард

0
(Таҷдидшуда 20:13 03.07.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар роибат ба даргузашти Абдулманап Нурмуҳаммадов ба писари ӯ, Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зад ва изҳори тасаллият кард

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин барои даргузашти падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба ӯ занг зад ва изҳори ҳамдардӣ кард, хабар медиҳад котиботи президенти Русия.

Ба изҳори Песков, Владимир Путин бевосита худаш бо Ҳабиб тамос гирифт.

"Путин ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов занг зада, дар робита ба вафоти падараш тасаллияти амиқ изҳор кард", - афзуд сухангӯи президенти Русия.

Ёдовар мешаве, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

Падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз бемории шадид даргузашт

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мурабии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини дзюдо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

0
Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон