Гурӯҳи "Шамс" натавонист саҳнаро тарк кунад: навори консерт дар Маскав

881
Шоми 7 апрел дар толори фарҳангии "Вдохновение" дар Маскав консерти гурӯҳи номдори "Шамс" баргузор шуд.

Пас аз консерт дар Лондон, гурӯҳи мардони ҳунар бо се таронаи ҷадид ва дигар сурудҳои дӯстдоштаи пешин ба Маскав омаданд. Консерт аз ҷониби созмони ҷамъиятии "Нур" баргузор шуд.

Барои гӯш кардани сурудҳои гурӯҳи "Шамс" тоҷикони Максав ва ҷойҳои дур ҳамроҳи ёру дӯстон пайвандон ва аҳли хонаводаашон омада буданд.

Ҳамчунин дар консерт раиси созмони "Нур" Алимамад Боймамадов, коршиноси Фарҳангистони Русия Тоҳир Қаландаров, раиси созмони ҷамъиятии "Помир" Анзор Назархуоев, ҳамсари ҳаҷвнигори зиндаёд Устоқадам Машрабов-Раъно Давлатова ва дигар намояндагони бахшҳои гуногуни созмони "Нур" ширкат доштанд.

Гурӯҳи "Шамс" чаҳор даҳсола пеш аз ин ташкил шуд. Оғози ҳунарнамоии он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои "Агар он турки шерозӣ", "Сӯзи маро" ва дигарро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд. Ва инак даҳсолаҳост, ки номи гурӯҳи "Шамс" вирди забони хурду бузург дар Тоҷикистону берун аз он аст ва ситораи шуҳраташон ҳамоно фурӯзон.

Консерти гурӯҳи "Шамс" дар толори "Вдохновение" дар Маскав наздики се соат давом кард.

Нобовар Чаноров сурудҳои "Мастӣ нозам", "Салому садсалом","Ба гирди ёр мегардам", "Дам ҳама дам Алӣ Алӣ", "Дил меравад ҷаҳон меравад", "Ко мате аз мирум би та", (Нарав кӣ бе ту мемирам), "Моҷон азта та ширчой наринесум", (Модарҷон ман ширчоятро фаромӯш намекунам), "Духтари тоҷик" ва дигар сурудҳоро тақдими мухлисон кард.

Чун Нобовар сурудҳои охиринро сароид мухлисон бо талаби суруди дигар нагузоштанд, ки гурӯҳ саҳнаро тарк кунанд. Ҳамин тавр ду кӯшиши гурӯҳи "Шамс" бе натиҷа анҷом ёфт.

Маҷбур гурӯҳи "Шамс" суруди ""Ба Лалазор"-ро сарояду пас саҳнаро тарк кунад.

 

881