Муҳорибаи сангин бо 10 нокдаун анҷом ёфт-навор

Обуна шудан
Рӯзи 6 апрел дар Полша рақобат аз рӯи бокс сурат пазируфт, ки дар он муштзанон дар панҷ даври муҳориба, бо 10 нокдаун рӯ ба рӯ шуданд.

Роберт Таларек ва Патрик Шиманский байни ҳам рақобат карданд.

Аз навор дида мешавад, ки ҳар ду варзишкор ҳам муштзании сабукро хуш надоранд, ва яке паси дигаре оғоз аз даври аввали муҳориба,якдигарро ба нокдаун мефиристанд.

Дар даври сеюм ва чорум Таларек, ки аз рақибаш дида таҷрибадортар аст, чанд маротиба бо муштзанӣ ба сар ва бадани Патрик ӯро нокдаун кард.

Дар аксари рақобатҳо пас аз чунин ҳуҷум одатан варзишкор дигар аз ҷой бархоста наметавонад, вале дар ин навор дида мешавад, ки ҳар дуи муштзан ҳам бисёр пуриқтидоранд ва баъди ҳар як нокдаун боз ба по мехезанд.

Дар даври панҷум ҳардуи варзишкор ҳам монда шуда буданд. Вале дар ин рақобат варзишкори таҷрибадор аз рақиби ҷавонаш пеш гузашт.

Дар охири ин муҳорибаи сангин, пирӯзӣ насиби Таларек шуд.

Лентаи хабарҳо
0