Сокинон хонаи мори азимҷуссаро дар Ҳисор пайдо карданд - Видео

6630
Ба гуфтаи онҳо, навори мори азимҷусса байни ноҳияи Ҳисор ва Шаҳринав дар ҷамоати Мирзо Ризо сабт шудааст. Корбаре дарозии онро якуним метр гуфта, навиштааст, ки мори навъи гурза аст

Истифодабарнадагони Фейсбук навореро паҳн кардаанд, ки дар он мори зоҳиран дарозу азимҷуссае сабт шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, навори мазкур дар ҳудуди байни ноҳияи Ҳисор ва Шаҳринав дар ҷамоати Мирзо Ризо сабт гардидааст. Корбаре дарозии онро якуним метр гуфта, навиштааст, ки мори навъи гурза аст.

Дар навор мори калону ғафсе аз дохли сабзазор ба ҷарие поён мешавад.

Ҳамин ҷо  садои сабткунандагони он шунида мешавад, ки мегӯянд, "сараш дар куҷо бошад" ва "хонаашро бин".

Ҷонвар саранҷом ба сӯрохие бузурге медарояд.

Корбарони Фейсбук пас аз тамошои навори мори азимҷусса изҳори нигаронӣ кардаанд, ки ин мори бузург дар наздикии минтақаҳои аҳолинишин будубош мекунад. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ғолбан ин мори навъи гурза аст, ки ҳарчанд заҳри қавие дорад, то ба он зараре нарасонанд,ба касе заҳр намезанад ва ҳамла намекунад. Аммо ба ҳар ҳол бояд эҳтиёт шуд.

6630