(1:21 / 9.94Mb / просмотров видео: 2872)

Пирӯзӣ аз Помир то Кремл: "Ҳанги ҷовидон"-и тоҷикон дар Маскав-видео

625
(Таҷдидшуда 10:22 10.05.2019)
Тоҷикони муқими Маскав бо дафу доира, тоқӣ ба сар ва аксҳои бобоёни қаҳрамон дар даст, рӯзи 9 май дар баробари 700 ҳазор роҳпаймоён дар кӯчаҳои марказии Маскав қадам заданд

Садҳо тоҷик рӯзи 9 май ба "Ҳанги ҷовидон"-и Маскав ҳамроҳ шуданд

Рӯзи нӯҳуми май дар кӯчаи марказии Маскав ба муносибати таҷлили 74-солагии Рӯзи Пирӯзӣ садҳо тоҷик ҷамъ омада, то майдони Сурх роҳпаймоӣ карданд.

Ҳамаи онҳо дар даст аксҳои хешовандон-бобоён, бибиҳо, падарону модаронро, ки қаҳрамонона дар ҶБВ ҷангидаанд бо ифтихор бардошта, дар кӯчаҳои марказии Маскав қадам мезаданд.

Ҷавонон бо қувваи пурра аксҳои қаҳрамононро баланд мебардоштанд, то ҳама қаҳрамонони Тоҷикистонро бубинад.

625