Сергей Лазерев бо суруди Scream ба даври ниҳоии "Евровидение-2019" роҳ ёфт-видео

127
Сарояндаи рус Сергей Лазерев бо иҷрои суруди Scream (фарёд) дар даври нимниҳоии "Евровидение-2019" тамошобинонро тасхир кард

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Суруди Scream-ро сарояндаи русиягӣ ва композитор Филипп Киркоров, композитор аз Юнон Димитрис Контопулос ва мусиқачӣ аз ИМА Шарон Вон омода кардаанд.

Сергей Лазерев 13-ум шуда бу саҳна баромад. Ӯ дар тан шиму костюми сафед дошт, ки бо ороиши саҳна бисёр мувофиқ буд.

Замони ҳунарнамоии Лазерев дар саҳна ҳашт оина пайдо шуд, ки гоҳо ба экран бадал мешуду гоҳо худи Лазерев дар онҳо намоён мешуд.

Манижа нашуд?: Сергей Лазарев Русияро дар "Евровидение-2019" муаррифӣ мекунад

Бори нахуст тамошобинон суруди Scream-ро 8 март шунида буданд. Он замон аксари коршиноосн гуфтанд, ки ин суруд барои пешниҳод дар "Евровидение" мувофиқ нест.

Вале маҳз бо ин суруд Сергей Лазерев ҳунари овозхонии худро ба пуррагӣ ба тамошобинон нишон дод.

Барандаи “Евровидение-2018” овозхон аз Исроил шуд

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни ҷаҳонии "Евровидение-2019" рӯзи 18 май, дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор мешавад. Намояндаи кишваре, ки дар ин озмун пирӯз мешавад, мизбони "Евровидение-2020" хоҳад шуд.

127