"Сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд...": навори сели азим дар Панҷакент, ки ду танро кушт

2829
Аввал маҷрои оби ҷорӣ на он қадар калон бошад ҳам, дар идомаи видео сели бузурге меояд ва сокинон ба доду фарёд медароянд, ки "сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд"

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сели азими одамхӯр дар шаҳри Панҷакент пайдо шуд. Дар он сокинон аз баландие истода селро ба навор мегиранд. Аввал маҷрои оби ҷорӣ на он қадар калон бошад ҳам, дар идомаи видео сели бузурге меояд ва сокинон ба доду фарёд медароянд, ки "сел ду бачаро бурд, ҳо ана бурд.

Тавре сомонаи "Ахбор” хабар дод, бар асари сел дар деҳаи Рӯзи обнок дастикам ду нафар ғарқ шудаанд. Ҷасади якеро берун кашидаанд ва ҷустуҷӯи дуюмӣ идома дорад. Бар асари сел ҳамчунин дасти кам 5 каси дигар маҷрӯҳ шудааст. Ба гуфтаи сокинон, қурбониён аҳли оилаи Рӯзимурод Мухторов мебошанд, ки аз Душанбе дар арафаи ид барои фотиҳахонӣ ба ватани бобоияшон – деҳаи Рӯзи обнок омада буданд.

Ин дар ҳолест, ки КҲФ ҳушдор медиҳад, ки хатари селу сангрезӣ дар Тоҷикистон то 7 июн боқӣ мемонад.

Пештар дар деҳаи Гулистони ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ, деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалаба, деҳаи Истиқлоли ҷамоати Зафар ва деҳаи Куҳдомани ҷамоати Ватани ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сел ба заминҳои кишт, роҳҳои мошингард ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

2829