Кумитаи тафтишотии Русия навори бозпурсии гумонбар дар қатли Чуевро нашр кард

Обуна шудан
Кумитаи тафтишотии Русия навори бозпурсии гумонбар дар қатли варзишкори русро нашр кард

Дар навор шаҳрванди Тоҷикистон дар бораи рӯзи куштор нақл мекунад.

"Дар боғ сайругашт мекардем. Ҷое нишаста будем, оби ҷав мехӯрдем. Ногаҳон бо Сергеев ҷанҷол бархост. Намедонам духтарро зад ё тела дод. Ман дидам, ки духтар афтид",-нақл мекунад гумонбар.

Обвиняемый по делу об убийстве мастера спорта по греко-римской борьбе Сергея Чуева Аловадин Михроччен - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷурми куштори Чуев маҳкум кард

Кумитаи тафтишотӣ навори бозпурсии гумонбарро дар саҳифааш дар WhatsApp нашр кардааст.

Ёдрас мешавем, ки аксҳои таҳқиромези дар Интернет нашршудаи 4 ҷавони тоҷик, ки дар Маскав бо гумони даст доштан дар куштори куштигири рус Сергей Чуев дастгир шудаанд, мавҷи вокунишҳои хашмолуди корбарони тоҷикро ба бор овардааст.

Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостааст аз рафтори кормандони политсия баҳогузорӣ намоянд

Қаблан дар шаҳри Маскав чаҳор шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев дастгир карданд.

Чуев, устоди варзиш дар куштии юнониву румӣ шаби 7 июн, тақрибан соати 23:00 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишкори 34-соларо ба кӯл партофтаанд. Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишкор дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.

Кормандони ФСБ ва ВУД-и Русия дар як амалиёти муштарак афроди гумонбар дар қатли куштигир Сергей Чуевро дастгир карданд.

Лентаи хабарҳо
0