Зулфи дароз-зебогии духтарро дучанд мекунад: пешниҳод ба рекорди Гиннес - видео

272
(Таҷдидшуда 17:28 14.06.2019)
Барои шустан, шона кардан ва ба тартиб доровардани мӯй, Ноэмӣ як соат вақти худро масраф мекунад

Маъмулан ҳар як ҷавондухтар новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, рангу пӯст ва урфу одат дар орзуи доштани мӯйи сари зебо ва ороста ҳаст. Мутаассифона на ба ҳар як гулдухтар доштани муйи сари хушруй муяссар мешавад.

Аммо қаҳрамони навори мо аз зумраи он духтаронест, ки дар зебогии зулфи хеш қариб ҳамто надорад. Ноэмӣ Элизабет Ромеро Хуаман ҷавондухтарест аз Перу, ки бо доштани зулфи дарозу зебо миёни бошандагони ин сарзамин ва ҳатто берун аз он ҳам шуҳратёр гардидаст.

Алъон дарозии мӯйи сари Ноэмӣ ба 178 см мерасад. Дар ҳоле, ки синни ӯ нав ба 24 сол расидааст.

Дар навор дида мешавад, вақте Ноэмӣ ба сайругашти шаҳр мебарояд, мӯйи дарози ӯ то замин расида, роҳи паскӯчаву хиёбонҳоро мерубад.

’’Аз ман бисёриҳо сирри дарозмӯйии маро мепурсанд, вале ман ба ҳамагон мегӯям, ки ин ҳирсӣ ба ман гузаштааст. Ман боре ҳам аз ягон маска ва ё равғанҳои махсус  барои мӯйи сар истифода набурдаам’’, - тавзеҳ дод Ноэмӣ Элизабет.

Агарчи Элизабет зулфҳои базеби худро беандоза дӯст медорад, вале ҳамзамон барои ба тартиб даровардани онҳо низ азоби бисёр мекашад.

’’Бо мӯйи сари кушод роҳ гаштан бисёр мушкил аст. Замоне,ки ман ба зинапояҳо мебароям ва ё аз болои курсӣ мехезам, мӯйи сарам пурпечида мешавад. Ман ҳатто аснои рох гаштан мӯйи сарамро зер мекунам’’, - изҳор дошт ӯ.

Ноэма барои шустану хушк кардан ва шонаву оро додани зулфаш беш аз як соати вақти худро сарф мекунад. Дар навор нишон дода шудааст, ки ӯ танҳо ба таври дар ҷояш шишта, метавонад аз уҳдаи ба тартиб даровардани кокули дарози худ барояд.

Ноэмӣ тасмим гирифтааст, ки бо пешниҳоди ариза шомили китоби рекордҳои Гиннес гардад.

272
Барчаспҳо:
духтар, навор, Перу