Дурбинҳо занозании қирғизҳо ва ҷавони кушташударо аз наздик ба навор гирифтанд - Видео

Обуна шудан
Дар навор андоми се нафар аз иштирокдорони ин ҷанҷол нишон дода мешавад. Ёдрас мешавем, дар пайи ҷанҷол як шаҳрванди Қирғизистон кушта шуд

Дурбинҳо муҳоҷирони қирғизистониро, ки дар назди метро даст ба авбошиву куштор заданд, аз наздик ба навор гирифт. Дар навор онҳо аз ресторани "Иссиқ-кӯл" баъди майнӯшӣ меброянд.

Тибқи иттилои пешакӣ, байни онҳо ҳамон ҷавони кушташуда низ ҳаст. Ҳамчунин дар навор ҳодисаи ҷанҷолу занозанӣ аз дур сабт шудааст.

Дида мешавад, ки шаш ҷавон ба назди метро медаванд.

Қисме аз онҳо вориди метро мешаванд ва яке аз қирғизҳо саросема меравад.

Чанд муҳоҷири дигар дертар ба назди метро меоянд.

Ёдрас мешавем, занозанӣ байни муҳоҷирони Қирғизистон субҳи имрғз соати 05:30 сар зад. Дар натиҷа яке аз қирғизҳо кушта шуда ва се тани дигар корд хӯрданд. Маълум аст, ки муҳоҷири кушташударо рафиқонаш сахт латтукӯб кардаанд, ки дар натиҷа ҳалок шудааст.

Лентаи хабарҳо
0