Клипи нави Зулайхо бо либоси афғонӣ: аз бозхонии суруди Аҳмад Зоҳир то саҳми Манижа Давлат

1194
Зулайхо як таронаи ҳунарманди шаҳир Аҳмад Зоҳирро бозхонӣ карда, барои он клипи зебое низ сабт намудааст. Намоҳанг дар Туркия сабт шуда, дар он Зулайхо бо чанд пироҳани зебо, аз ҷумла либоси афғонӣ намудор мешавад

Намоҳанги нави ҳанурманди тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева бо номи "Дилакам" мунташир шуд.

Аслан ҳунарманд таронаи ҳунарманди шаҳир Аҳмад Зоҳирро бо сабки нав бозхонӣ намудааст. Номаҳанги тарона дар шаҳри Каппадокияи Туркия сабт шудааст.

Бино бар иттилои "Падида", ин намоҳанги Зулайхо низ гаронарзиш буда, продюсери ҳунарманд гуфтааст, ки барои омода кардани он маблағи зиёдеро сарф карданд.

"Чӣ қадар маблағ сарф шуд, бигзор махфӣ бимонад, вале ҳамин қадар гуфта метавонам, ки маблағи ниҳоят зиёд харҷ шудааст. Иҷораи мошин ва макони сабт, ороишоту сару либос ва дигар хароҷотҳоро ҳисоб кунем агар, ин хеле маблағи зиёд аст", - гуфтааст ба сомона Раҷ Аҳмад.

Худи Зулайхо Маҳмадшоева дар саҳифаи Инстаграмаш ба Манижа Давлатова, ки устоди худ ном мебарад, барои кӯмак дар омода намудани тарона ва намоҳанги "Дилакам" изҳори миннатдорӣ кардааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Shomi har yaki shumo ba khair boshad mukhlisoni man🥰Klipi navamro bo nomi Dilakam dar YouTube tamosho kuned 💐 Dustaton doram ❤️ #Tajikistan #zulaykhoofficial

Публикация от Bonu Zulaykho👑 (@zulaykhoofficial)

То имрӯз аз ин навор дар Ютуб 20 ҳазор нафар боздид кардаанд.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи июн дар арафаи таҷлили Иди Фитр Зулайхо ба Афғонистон сафар карда, консерт гузошта буд.

Овозхонро дар кишвари ҳамсоя хело хуб пазируфтанд. Аммо як сӯҳбаташ бо ровии барномаи "Ҳилоли ид" сахт баҳсбарангез шуд.

Як иқрори Зулайхо, ки гуфт, маънии як мисраи таронаашро худаш ҳам дарк намекунад, боиси баҳсҳои тӯлонии корбарони интернет шуд.

Бештари корбарон изҳори нигаронӣ карданд, ки "овозхонҳои тоҷик дар ҳусни баён ба ту по меланганд, фикри худро дуруст баён карда наметавонанд".

Аммо бархеи дигар, ровии "Ҳилоли ид"-ро мазаммат карда, навиштанд, ки саволҳои ноҷо медод.

Ба ҳар ҳол, клипи нав ва бозхонии таронаи Аҳмад Зоҳир нишонаи "илҳом"-и Зулайхо аз сафару ҳанарнамоиаш дар Афғонистон аст.

1194
Барчаспҳо:
Аҳмад Зоҳир, намоҳанг, Зулайхо Маҳмадшоева

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

355
(Таҷдидшуда 23:44 09.07.2020)
Шабакаи телевизионии Russia Today филмеро ба хотираи Абдулманап Нурмагомедов, падар ва мураббии қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов пешкаш кард

Филми мазкур дар канали RT Sport YouTube нашр шуд.

Қайд карда мешавад, ки лаҳзаҳо аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи октябри соли 2019 барои қисмати панҷуми силсилафилми  ҳуҷҷатии "Доғистон: Замини ҷанговарон" ба навор гирифта шуда буд, аммо бо сабаби фавти мураббии номӣ, ин филм бидуни  рақам нашр шуд.

Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳаммадов мураббии номӣ ва падари қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи 3 - юми июл дар синни 57 - сола ҷаҳонро падруд гуфт.

Ҳузури Рамазон Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор

Абдулманап давоми беш аз 2 моҳ бо маризии коронавирус дар набард буд ва ахиран тавонист ин вирусро мағлуб кунад, аммо ба сактаи мағзи сар, ки ин маризӣ ӯро оварда расонд пирӯз шудан натавонист.

Рамазон Рабаданов дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо таъкид намуда буд, ки пизишкон натавонистанд сактаи мағзи сари ӯро шифо бахшанд ва "ӯ ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадовро дар зодгоҳи ӯ деҳаи Кироваули Доғистон ба хок супурданд.

355
Барчаспҳо:
навор, филм

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ваксинаҳои Русия бар зидди COVID-19 рағбат дорад

379
(Таҷдидшуда 21:22 07.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт интизори он аст, ки ваксинаҳои пешниҳоднамуда Русия бар зидди коронавирус чӣ натиҷа медиҳанд

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ваксинаҳои зидди коронавирус дар Русия рағбат пайдо кардаст.

Онҳо гуфтанд, ки интизори анҷоми санҷишанд. Ҳамзамон, қайд карданд, ки дар рафти санҷиши доруҳо барои табобати COVID-19 низ ҳастанд.

Озмоишҳои Русия дар бораи ихтиёриён ҳамзамон дар якчанд ҷойҳо баргузор мешаванд.

Озмоишҳо чӣ гуна гузаронида мешаванд, иштирокчиёни ихтиёриён чӣ гунаанд ва кадом кишварҳо ваксинаи аз ҳама бештарро интизоранд - дар видеои мо бубинед. 

379
Капитальная реконструкция автодороги Бишкек-Нарын-Торугарт

Оғози таъмири роҳи Ховалинг-Шугнов: бозсозии 63 километр роҳ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ

0
(Таҷдидшуда 12:44 10.07.2020)
Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти вилояти Хатлон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири 63 километр роҳи Ховалинг-Шугнов оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Роҳи мошингарде, ки маркази ноҳияи Ховалингро бо ҷамоъати деҳоти Шугнов мепайвандад ва солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт, таъмир хоҳад шуд, иттилоъ хабаргузории АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки роҳбарияти ноҳия сохтмони роҳи мазкурро ба нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон шомил намуда, барои тахту ҳамвор ва сангфаршкунии роҳ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб гардиданд. Айни замон дар мавзеҳои душворгузари роҳ корҳои барқарорсозӣ ва тахту ҳамворкунии роҳ оғоз гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар корҳои сохтмонӣ техникаҳои сокинони ҷамоъати деҳот ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб карда шудаанд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки мавзеи аз ҳама душвори роҳ ағбаи Тиюн мебошад, ки 18 километрро ташкил дода баландии он аз сатҳи ҳамворӣ беш аз ҳазор метрро  дар бар гирифта,  ҳамасола бар асари боришот валангор мегардад.

“Муҳандисони роҳсоз ба гардиш ва ҷойҳои ярчфарою хатарзои роҳ аҳамияти махсус дода, дар он мавзеъҳо корҳои сохтмониро ба таври зарурӣ ба роҳ мондаанд. Сангу шағалро аз дарёи Ёхсу, ки дар шафати роҳ мебошад кашонида, ба воситаи техникаю механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамвор менамоянд. Роҳсозӣ дар шароити кӯҳистон душвор мебошад ва ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ барои муваффақ шудан  қоидаҳои роҳсозиро мебояд қатъиян риоя кард. Дар оянда мумфаршкунии роҳ низ ба нақша гирифта шудааст”, — соҳибкор Муҳиддин Қосимов

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иброз доштааст, ки роҳбарияти ҷамоат ва соҳибкорон мақсад доранд, ки роҳи мавзеи ағбаи Тиюнро давоми се рӯзи дигар сангфарш намоянд ва баъдан дар қитъаҳои ҳамвори роҳ онро идома диҳанд.

Сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Шугнов дастаҷамъона дар ин кори хайр ба соҳибкорон кӯмак расонида истодаанд.

0
Барчаспҳо:
таъмир, Хатлон, вилоят, мақомот, Ховалинг, роҳ, Тоҷикистон