Бесарусомониҳо дар Тбилиси: дар Гурҷистон чӣ шуд? - Видео

124
Кормандони пулис дар Тбилиси зидди тазоҳуротгарони назди бинои парлумони кишвар аз гази ашковар истифода бурданд

Пулис пас аз чанд соати бесурусомонӣ зидди тазоҳуротгарон аз гази ашковар истифода кард, тавзеҳ медиҳад қазияи тазоҳуротро дар Тбилиси Sputnik Гурҷистон.

Дар рафти бесарусомонӣ, бино бар иттилои пешакӣ, 50 нафар маҷрӯҳ шуданд - 14 тазоҳуротгар ва 38 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Тазоҳурот дар Гурҷистон дар пайи сафари вакили Думаи давлатии Русия Сергей Гаврилов ба Тбилиси ба нишасти байнипарлумонӣ ба миён омадааст.

Мухолифин иддао доранд, ки давлат ватанро фурӯхтааст. Ба гуфтаи Ҳукумати кишвар ин "иштибоҳи протоколи"-и ташкилкунандагони нишаст дар Тбилиси буд.

Рӯзи гузашта дар хиёбони Руставелии Гурҷичстон ҳазорҳо нафар гирди ҳам омаданд. Полус пас аз чанд соати тазоҳурот ва талаботи риояи қонун зидди онҳо чора андешид.

Вазорати умури хориҷаи Русия изҳор дошт, ки аз амали радикалҳо, ки кори нишастро боздоштанд, нигаронанд. Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин амали роҳбарияти Груҷистон дар баргузории иҷлосия ба меъёрҳои баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ мухолифат мекунад.

124
Барчаспҳо:
тазоҳурот, Гурҷистон

Тамрини боҳашамати танкчиёни қушунҳои ҳавоӣ: навори диданӣ

22
(Таҷдидшуда 16:47 20.01.2021)
Вазорати мудофиаи Русия видеои ҷолиб аз машқи танкчиёни нерӯҳои десантӣ дар тамрингоҳҳои қаламрави Краснодар нашр кард

Тирпарронии ҷангӣ аз силоҳи танкҳо ба ҳадафҳои пайдошуда ва ҳаракаткунанда аз ҷониби экипажҳои тонкҳои Т-72В3 иҷро карда шуд.

Тирандозиро қисми низомии десантии Новороссийск дар пойгаи Раевский дар қаламрави Краснодар анҷом додааст.

“Матрёшка” аз Путин: дар бораи киштии зериобии нави Русия чиро бояд донист

Тирандозӣ ба ҳадафҳое равона карда шуд, ки ба як танки ҳаракаткунанда, бо норинҷакҳои зиддитанкӣ ва ва яроқҳои артилери муҷаҳҳаз дар масофаи то 2 километр қарор дошт.

Ронандагон машқҳои санҷиширо барои рондани мошинҳои ҷангӣ аз болои ноҳамвории кӯҳӣ ва дарахтзор бо бартараф кардани монеаҳои табиӣ иҷро карданд.

Низомиёни тоҷику рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон "террористон" - ро маҳв карданд - навор

Инчунин, низомиён захбуру монеаҳои зиддитанкиро паси сар карданд.

22
Барчаспҳо:
нишон, танкистҳо, тамриноти ҳарбӣ, Русия

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

83
(Таҷдидшуда 17:25 19.01.2021)
Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas бо 300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V" фуруд омад

Ба фурудгоҳи байналмилалии Буэнос-Айрес ҳавопаймои ширкати Aerolineas Argentinas, бо миқдори зиёди ваксинаи зидди вируси корона  фуруд омад.

Ёдрас мешавем, ки ҳамин гуна миқдор  300 ҳазор вояи ваксинаи "Спутник V"  аз Русия ба Аргентина охири моҳи декабр интиқол ёфта буд.

Ваксинаҳоро тавассути мошинҳои боркаш ба минтақаҳои кишвар равон карда шуданд ва баъд аз ба даст овардани ваксина пизишкон фавран ба эмгузаронӣ оғоз карданд.

Гуфта шудааст, ки аввалин эмдашудаҳо кормандони соҳаи тиб буданд.

Ваксинаи бар зидди коронавируси "Спутник V"-и Русияро Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологияи Гамалея дар ҳамкорӣ бо Бунёди сармояҳои мустақими Русия таҳия шудааст.

Мувофиқи натиҷаҳои санҷишҳо ваксинаи "Спутник V" самаранокии 91,4 дарсадиро нишон додааст ва барои ҳолатҳои вазнини коронавирус ҳатто самаранокии 100 дарсадиро низ нишон додааст.

83
Барчаспҳо:
Аргентина, ҳавопаймо, Спутник
Фонтан из денег лишил Жахонгира Атаджанова лицензии

Овозхони ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов тасмим гириф, ки президенти кишвар шавад

0
(Таҷдидшуда 17:22 20.01.2021)
Овозхони маъруфи ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов гуфт, ки дигар суруд нахоҳад хонд, аммо тасмим гирифт, ки барои номзад шудан ба мақоми президентии соли 2021 тамоми имконоти худро ба кор барад

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Овозхони Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Отаҷонов дар сафҳаи Инстаграми худ дар бораи таъсиси як ҳизби сиёсӣ ва мубориза барои мансаби сарвари давлат ба мухлисон эълони ғайриинтизор кард.

Дар паёми нави видеоӣ ба Отаҷонов ба ҳаводоронаш гуфт, ки ният дорад дар интихоботи навбатӣ ба курсии президенти Узбакистон номзад шавад.

Аллакай маълум аст, ки омодагӣ ба як рӯйдоди муҳими сиёсӣ моҳи марти соли 2021 оғоз хоҳад ёфт.

Илова бар ин, сарояндаи собиқ нақл кард, ки чаро тасмим гирифтааст ҳаёташро дигар кунад ва ба сиёсат равад.

Дар тасмими худ Отаҷонов аз он далолат мекунад, ки мехоҳад ватани худро рушд диҳад ва ин изҳорот набояд ҳамчун киноя аз бесамарии президенти кунунӣ дониста шавад.

"Ман мардумро обод хоҳам кард. Албатта, бо ин изҳорот ба "сарвари кунунӣ" ҳеҷ гуна "даъво" намекунам ва ҳақ надорам. Онҳо низ бо тамоми қувваашон талош мекунанд. Барори кор",- гуфт ва овозхон ва таъкид кард, ки ин видео шӯхӣ набуда, як изҳороти ҷиддист.

Дар ҳамин ҳол, Отаҷонов афзуд, ки ҳоло дар хориҷа дар рухсатии оилавӣ қарор дорад ва баробари бозгашт ба Тошканд, ба таблиғи номзадӣ шурӯъ мекунад.

Ӯзбекистониҳоро овозаҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум ба таҳлука андохт

Дар ин миён овозхони собиқ ба мардуми Ӯзбекистон барори кор ва дар интихоботи соли 2021 - "ҷонибдорони оқилу тавонмандро" орзу кард.

0
Барчаспҳо:
ҳизб, интихобот, президент, овозхон, Ӯзбекистон