Таркиш ва ваҳм: низомиён сокинони Арисро мекӯчонанд - видео

290
Видео дар маркази таркиш дар шаҳри Ариси Қазоқистон ба навор гирифта шудааст

Мардуми осоиштаро даҳват ва ваҳм фаро гирифтааст. Аз навор дида мешавад, чӣ гуна низомиён сокинони шаҳри Арисро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд.

Рӯзи душанбе, 24 июн дар яке аз анборҳои нерӯҳои мусаллаҳи Қазоқистон, ки дар наздикии минтақаи аҳолинишини шаҳри Арис ҷойгир аст, сӯхтор ба амал омад, ки каме баъдтар ба таркиш оварда расонд.

Бино ба гузориши Вазорати дифоъи Қазоқистон сабабҳои ин қазия омӯхта мешаванд.

Дар шаҳри Арис 43 ҳазор кас ба сар мебарад. Пас аз таркиш дар ин шаҳр ҳолати фавқуллода эълон шуда, сокинон ба ҷойҳоли бехавф кӯчонида мешаванд.

Бино ба гузориши Sputnik Қазоқистон дар паи таркиш 10 кас захмӣ шуда ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Аҳволи се тан аз захмиён вазнин азёбӣ мешавад.

290