Таркишҳо шаҳри Ариси Қазоқистонро ба чӣ табдил доданд? - видео

227
(Таҷдидшуда 15:14 25.06.2019)
Вазъияти шаҳри Ариси Қазоқистон пас аз силсила таркишҳо бад аст

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна шаҳр пас аз таркишҳо холию валангор шудааст.

Силсила таркишҳо рӯзи душанбе, 24 июн дар яке аз анборҳои аслиҳаи Қазоқистон, ки дар наздикии минтақаи аҳолинишини шаҳри Арис ҷойгир аст, ба амал омад.

Пас аз ин ҳодиса дар шаҳр ҳолати фавқуллода эълом шуду мардуми осоишта ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Дар шаҳри Арис 43 ҳазор кас ба сар мебарад. Ин шаҳр 85 километр дуртар аз Шимкент ва 168 километр дуртар аз Туркистон воқеъ аст.

То кунун муайян шудааст, ки дар паи таркишҳо ду кас ба ҳалокат расидааст, ки яке аз ҳалокшудагон сокини шаҳри Арис буда қурбонии дуюм, низомӣ будааст.

Илова бар ин дар паи таркишҳо 89 кас захмӣ шуда дар бемористон бистарӣ аст. Аз ин ҳисоб аҳволи 15 кас вазнин арзёбӣ шуда, онҳо дар шуъбаи эҳё қарор доранд.

227