Трамп Путинро ба сӯи худ кашид: дидори кишвардорон дар нишасти G20 - видео

982
(Таҷдидшуда 12:14 29.06.2019)
Дидори Владимир Путин ва Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти G20 деринтизортарин воқеъа шуд

Президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори ИМА Доналд Трамп дар ҳошиаи нишасти "Бистгонаи бузург"- G20 дидору мулоқот карданд.

Дидори Владимир Путин ва Доналд Трамп дар ҳошияи нишасти G20 деринтизортарин воқеъа шуд.

Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп бо дастфишории оҳанини худ машҳур аст. Бисёре аз сиёсатмадорон мушоҳида кардаанд, ки пешвои амрикоиҳо як одати ба худ хосе дорад. Вай ҳангоми вохӯрӣ дастони ҳамкасбонашро мефишораду ба тарафи худ мекашад.

Чун ҳамешагӣ зимни дидор Трамп бо дастфишории қавии худ Владимир Путинро ба сӯи худ кашид. Аз навор дида мешавад, чӣ гуна Владимир Путин аз зарби дастфишории Трамп як қадам пеш мегузорад.

Бо Раҳмон намешавад: чаро дастфишории Трамп бар раисҷумҳури Тоҷикистон асару таъсире накард

Суҳбати кишвардорон якуним соат идома кард.

Пеш аз оғози гуфтугӯ Трамп ҳатто шухӣ кард. Ӯ даводави гирди худу Путинро ба маросими ҷоизасупории "Оскар" муқоиса кард. 

"Чун дар маросими "Оскар". Бисёр аҳмақона",- гуфт ӯ дар вокуниши рӯзноманигорон.

Журналистон аз Трамп хоҳиш карданд, ки аз Путин даъват кунад, то ба интихоботи президентӣ дахолат накунад.

"Албатта мегӯям. Илтимос ба интихобот дахолат накунед",- гуфт ӯ ба Владимир Путин.

Путин ва Трамп муносиботи дуҷонибаи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ карданд. Ҳамчунин сиёсатмадорон вазъи Сурия, Эрон ва Внесуэлларо мавриди муҳокима қарор доданд.

Ба иттилои ВУХ Русия, гуфтугӯи дуҷонибаи сарони кишварҳо қаноатбахш гузашт.

982