Рӯзи истироҳатии Раҳмон дар Минск ва парвоз ба Ватан - видео

323
(Таҷдидшуда 16:30 01.07.2019)
Рӯзи истироҳатии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалқаи кишвардорон - президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Белорус Александр Лукашенко гузашт

Сарони кишварҳо нахуст дар қароргоҳи президенти Белорус дар Минск гаштугузор карда ва баъд ба тамошои муросими пӯшидашавии Бозиҳои урупоӣ рафтанд.

Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Минск бо ҳамтоёни русиягӣ ва белорусаш – Владимир Путин ва Александр Лукашенко мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дод. Дидори сеҷониба 30 июн дар шаҳри Минск баргузор гардид.

Гаштугузори Раҳмон, Путин ва Лукашенко дар Минск: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раҳмон ва Лукашенко ба якдигар чӣ ҳадя карданд?

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Александр Лукашенко ва Ҳукумати ин кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани Бозиҳои дуюми аврупоӣ, ки шоми рӯзи 30 июн ҷамъбаст гардид, баҳои баланд дод.

Шаби рӯзи 30 июн Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон бозгашт.

323

Аз меваю сабзавот то нону асал: Раҳмон аз ҳосили фаровони деҳқонон дидан кард - навор

97
(Таҷдидшуда 16:10 03.07.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Суғд, аз натоиҷи заҳмати деҳқонони ин минтақа дидан намуд

Навор аз лаҳзаи боздиди кишвардори Тоҷикистон аз заминҳои кишт ва боғзорҳои Суғд дар сафҳаи Президент дар Фейсбук нашр шудааст.

Аз навор бар меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дидан намудан аз кори заҳматталаби деҳқонон ба заминҳои кишт ва боғзорҳо ташриф  овард.

Оғози сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон дар Хистеварз беморхонаи “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ кард

Сарвари давлат дар ин навор бо деҳқонон сӯҳбатҳо ороста аз нақшаву ниятҳо ва ҳамзамон мушкилоти онҳо пурсон шудааст.

Дар навор заминҳои кишти помидор, ғаллаву ҷуворимакка нишон дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳое боздиди намуд, ки маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

97
Барчаспҳо:
деҳқон, навор, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд

Раъйи тағйирот ба Конститутсияи ФР: чӣ гуна дар кишварҳои ҳамсоя баргузор шуд

50
(Таҷдидшуда 23:50 03.07.2020)
Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар ҳама гӯшаи кишвар ваичунин кшварҳои ҳамсоя барои шаҳрвандони Русия кушода шуда буданд

1 июл рӯзи асосӣ ва охирини овоздиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Русия буд.

Бори аввал дар таърих, он дар тӯли як ҳафта - аз 25 июн то 1 июл сурат гирифт. Нқтаҳо интихоботӣ дар саросари кишвар кушода буданд, вале шаҳрвандони Русия, ки ҳоло дар хориҷа, аз ҷумла дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд, низ имкони овоздиҳӣ доштад.

Нуқтаҳои интихоботӣ дар Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Балтика ва Узбекистон, инчунин дар дигар кишварҳои хориҷи наздик фаъолият мекарданд.

Дар Абхазия, Молдова ва Тоҷикистон, субҳи имрӯз ҳатто хатҳои интихобшуда аз онҳое, ки хоҳиши овоздиҳӣ доранд, ташкил шудаанд.

Бо сабаби пандемия аз коронавирус, назорати иловагӣ дар соҳаи санитарӣ риоя карда мешавад. Ниқобҳо ва дастпӯшҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошанд, зеро масофаи иҷтимоии худро нигоҳ медоранд. Овоздиҳӣ дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна сурат мегирад - видеои моро бубинед.

50
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Муттаҳам дар таҷовузи духтари сесола: оғози мурофиаи парвандаи Зиеёв дар суди Душанбе: акс

988
(Таҷдидшуда 00:00 04.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи марде оғоз кардааст, ки дар таҷовузи духтарчаи сесола муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Дафтари матбуотии додгоҳи пойтах бо нашри аксҳо аз оғози баррасии парвандаи таҷовузи духтари сесола хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, мурофиаи додгоҳӣ имрӯз, 3 июли дар толори судии суди шаҳри Душанбе бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола оғоз шудааст.

Ба иттилои манбаъ Зиёев Юсуф  бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста мешавад.

Дафтари матбуотии додгоҳи Душанбе ҷузъиёти пурраи парвандаро нашр накардааст.

Тибқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон қисими сеюми моддаи 138 (таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик) – аз 12 то 25 соли зиндон ё ҳукми қатл ё ҳабси умрбод пешбинӣ шудааст.

  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
  • Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки
    Пресс-служба столичного суда
1 / 3
Пресс-служба столичного суда
Судебный процесс по делу Зиёева Юсуфа Раджабалиевич по обвинению в изнасиловании трехлетней девочки

Ҳамчунин қисми чори моддаи 139-и Кодекси ҷиноии кишвар барои ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида аз 15 то 20 соли зиндонро дар бар мегирад.

Қисми якуми моддаи 127 бошад дидаю дониста дар хатар монондан ва нарасонидани ёрӣ ба шахсе, ки дар вазъияти барои ҳаёт ё саломатиаш хавфнок қарор дорад ва аз сабаби хурдсолӣ, пиронсолӣ, беморӣ ё аз сабаби оҷизии худ имконияти андешидани чораҳои худмуҳофизатиро надорад, ҳангоме, ки шахси гунаҳгор метавонист ба ин шахс ёрӣ расонад ва вазифадор буд нисбати ў ғамхорӣ зоҳир намояд ё худаш ўро дар ҳолати барои ҳаёт ё саломатиаш хатарнок гузоштанро дар бар гирифта, ашхоси муттаҳам бо чунин моддаро ду сол зиндон таҳдид мекунад.

988