Чигуна сел пул ва роҳи мошингарди сокинони Сангворро хароб кард-навор

973
(Таҷдидшуда 19:39 15.07.2019)
Шоҳидон фаромадани селро дар ноҳияи Сангвор ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ онро паҳн намуданд

Дар ноҳияи Сангвори Тоҷикистон, ки бар асари боришоди шадиди борон сел фаромада буд, дар пай хисороти зиёдеро ба бор овард.

Шоҳидон, ки лаҳзаи фаромадани селро сабт намуданд, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд. Дар навор дида мешавад,ки чигуна сели даҳшатбор фаромада аз пеши худ ҳама чизро шуста мебарад.

Дар навор ҳамчунин садои одамони ба даҳшатомада низ шунида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 14-уми июли соли равон соати 15:30 дақиқа бар асари боришоти шадид дар ҷамоати Тавилдара, деҳаи Ёзганд,сел омад, ки бар асари он пул ва роҳи мошингард дар километри 57 хароб гардид. 

Қурбонии севуми сел дар Панҷ: ба ноҳия боз офати табиӣ омад

Ҳамчунин сел қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллиро шуста ва заминҳои кишти ҷамоат хисороти зиёд овард. Барои муайян кардани зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад.

973
Барчаспҳо:
навор, хисорот, Сангвор, сел, Тоҷикистон