Ҳабиб Нурмуҳаммадов тавонист Даниэл Кормеро ба замин хобонад- навор

1108
(Таҷдидшуда 19:58 18.07.2019)
Дар интернет наворе пайдо шуд, ки дар он қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо қаҳрамони дигари UFC дар вазни вазнин - Даниэл Корме размоиш мекунад

Сабти мазкурро, Хавера Мендеса мураббии ҳар ду қаҳрамони UFC, Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Даниэл Корме ба навор гирифтааст.

Аз навор дида мешавад, ки Ҳабиб ва Корме якҷоя пас аз тамрин дар бобати чизе сӯҳбати гарм намуда, табассумкунон ба ҳамдигар ишора мекунанд. Сипас айён аст, ки Ҳабиб аз фурсати барояш муносиб истифода бурда ба Даниэл ҳуҷум мекунад.

Ӯ чолокона пойҳояшро аз болои рақиб партофта, дасти Кормеро бо истифодаи усули дардрасон тоб медиҳад.

Ба хотири гурез аз оқибатҳо, Корме ба нишони таслим пойи Ҳабибро мекӯбад.

Набарди Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо падараш-видео

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов Конор Макгрегорро мағлуб намуда, унвони қаҳрамонии UFC дар вазни сабукро ҳифз кард.

1108
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, тамрин, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Раҳмон ва Орипов нишон доданд, чӣ гуна бояд дар давраи ҳамагирӣ салом кард - видео

539
(Таҷдидшуда 14:10 30.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов зимни вохӯрӣ бо оринҷ салом карданд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзи 29 сентябр дар Қасри миллат дидору мулоқот карданд.

Аз навор дида мешавад, ки сиёсатмадорон на ба даст балки бо оринҷ салом мекунанд. Ин саломи давраи ҳамагирии коронавирус аст.

Зимни гуфтушунид ҳам, ҳайъати ҳарду давлат бо ниқоби тиббӣ нишастаанд. Яъне қоидаҳои беҳдоштӣ дар сатҳҳои олӣ бисёр ҷиддӣ риоя мешаванд.

Орипов: Раҳмон дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сафҳаи тиллоӣ боз кард

Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистонро ба Тоҷикистон хушомадед гуфту Абдулло Орипов бошад дар навбати худ ба забони тоҷикӣ аз Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорӣ кард.

"Иҷозат диҳед ба шумо барои қабули ҳайъати Ӯзбекистон миннатдорӣ изҳор намоям. Мо шодем, ки дар сарзимини меҳмондӯсти Тоҷикистон ҳастем, - гуфт Орипов ва саломи кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба президент ва мардуми Тоҷикистон расонид.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин вохӯрӣ бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, таъкид доштанд.

Ҳамчунин зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, президент ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шуданд.

539
Барчаспҳо:
"Салом", дидор, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Абдулло Орипов, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ваксина ва дастгирии иқтисодӣ: Путин ва Жээнбеков аз чӣ гуфтанд - видео

219
Президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочи бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот кард

Дар рафти ин вохӯрӣ раҳбари Русия Владимир Путин ва кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков масоили рушди шарокати стратегиро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла Жээнбеков аз Путин барои дастгирии кишвар изҳори сипос намуд.

"Қирғизистон доим китфи тавонои Русияро чун дӯсти воқеъӣ ва шарики наздик эҳсос мекунад. Дар ин давраи душвор. Ба шарофати шумо мо тавонистем вазъияти ҳамагириро дар кишвар муътадил гардонем ва ба шарофати шумо ба шаҳрвандони мо дар Русия кумак расонида шуд", - гуфт сиёсатмадори қирғиз.

Ҳамчунин Жээнбеков Путинро бо сабти нахустин ваксини коронавирус дар ҷаҳон муборакбод гуфт. Президент изҳори умед кард, ки шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд ваксинаи нави "Спутник V" - ро яке аз аввалинҳо шуда дарёфт кунанд.

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

Дар навбаи худ, Владимир Путин нақшаи Русияро барои рушди муносиботи дуҷониба бо Қирғизистон ва дастгирии иқтисодии кишвар, тасдиқ кард.

219
Барчаспҳо:
хулосаҳо, вохӯрӣ, дидор, Сооронбой Жээнбеков, Владимир Путин
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон