Навори бозгашти Отамбоев ба Қирғизистон - видео

797
(Таҷдидшуда 20:52 25.07.2019)
Алмосбек Отамбоев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон 25 июл баъди мулоқоташ бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия тахминан соати 18:40 ба фурудгоҳи низомии Кант баргашт

Отамбоев дар роҳ аз фурудгоҳ аз мошин пиёда шуда, бо рӯзноманигорон суҳбат кард. Ӯ ба суол, ки оё барои бозпурсӣ ҳозир мешавад, посух дод, ки барои ин бояд мақомот худашон ба доираи амали қонун баргарданд.

Ба суол, ки оё тибқи тавсияи Путин бо Жээнбеков муттаҳид мешавад, посух дод, ки “замони муттаҳидшавӣ гузашт”.

Ӯ гуфтааст, ки бо Путин ҳамчун собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон мулоқот карда, назарашро баён доштааст. Отамбоев таъкид кардааст, ки Путин на танҳо президент, балки дӯсташ мебошад.

“Бо Путин суҳбат доштам ва ҳамчун собиқ раисиҷумҳур дидгоҳамро фаҳмондам. Ӯ на танҳо президент, балки дӯсти ман аст. Ӯ махсус ҳавопаймо фиристод ва даъват кард. Ҳиҷолат мекашидам, агар парвоз намекардам, ин аз рӯи одамгарӣ намебуд. Владимир Владимирович аз ояндаи Қирғизистон нигарон аст ва мегӯяд, ки инқилоби сеюм лозим нест. Ман ба ӯ гуфтам, ки ду инқилобро дидаам ва медонам, ки инқилобҳоро ҳукумат мекунанд, он мардумро ба ин ҳолат мерасонад”, - хабар додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли Отамбоев.

Зимни суҳбат собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон изҳор доштааст, ки хароҷоти парвозҳояшро ба Маскав ҷониби Русия ба уҳда гирифтааст. Ӯ сипас аз Кант ба маҳалли истиқоматаш дар Кой-Тош зери назари муҳофизон ва ҷонибдоронаш рафтааст.

 

797

Зери назорати Русия: чигуна Қарабоғи Кӯҳӣ ба зиндагии орому осуда бармегардад

16
(Таҷдидшуда 19:48 23.11.2020)
Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ оҳиста-оҳиста ба зиндагии ором бармегардад

Дар пойтахти ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ шаҳри Степанакерт аллакай нақлиёти ҷамъиятӣ, мағозаҳо ва ҳатто сартарошхонаҳо ба кори худ оғоз карданд.

Инчунин камбуди маводи ғизоӣ эҳсос намешавад. Дар шаҳр корҳои бозсозӣ баъд аз ҷанг идома доранд.

Ба кумаки мутахассисон ба Қарабоғи Кӯҳӣ кормандони КҲФ Русия низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо барои барқарории иншоотҳои ғайринизомӣ кумак хоҳанд кард. Инчунин, поксозии роҳҳо аз минаҳо идома дорад ва сулҳбонони Русия пайроҳадорӣ ва гусели мошинҳои муҳоҷиронро идома дода истодаанд.

Маълумоти бештар дар бораи он ки чигуна Русия ба Қарабоғи Кӯҳӣ кумак мерасонад дар навори мо тамошу кунед.

Ёдрас мешавем, ки вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. Рӯзи 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.

Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа, Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.

16
Барчаспҳо:
сулҳ, оромӣ, зиндагӣ, Қарабоғи Кӯҳӣ, Русия

Эътирозҳо дар Белорус дар шакли нав доир шуданд - видео

226
(Таҷдидшуда 16:35 23.11.2020)
Мардуми Белорус боз ба эътироз баромад. Вале ин бор шаҳрвандон на маркази шаҳрро макони ҷамъшавӣ интихоб карданд, балки аз кӯчаҳои худ роҳпаймоиро сар карданд

Мардум дар як вақт аз гӯшаю канори ҳар кӯча ба эътироз баромад.

COVID-19: ИА дар гирдоби эътирозҳо алайҳи маҳдудияту дуркориҳо қарор гирифт - навор

Роҳпаймоӣ дар шакли нав дар шаҳри Минск чӣ гуна доир шуд, инро аз навори зер тамошо кунед.

Сад рӯзи эътирозоти Белорус дар сад сония - навор

226
Барчаспҳо:
аксия, эътироз, Белорус
Молния, архивное фото

Мудири ҳавошиносони Тоҷикистон гуфт, хизматрасониҳо беҳтар мешаванд

0
(Таҷдидшуда 19:55 23.11.2020)
Диловар Дӯстзода, мудири Ожонси обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии ин ниҳод беҳтар карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дӯстзода зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, вазъи феълии байналмилалӣ ва тағйироти иқлимии сайёра зарурати ба роҳ мондани хизматрасониҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯйро ба миён овардааст.

“Бо дарназардошти ҳолати пешомада хизматрасониҳои навро таҳия намуда, ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод менамоем. Зимнан, Ҳукумати мамлакат ба рушди Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намуда, сохторҳои марбутаи онро бо таҷҳизоти наву замонавӣ мунтазам таъмин менамояд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки вобаста ба пешгӯйӣ ва дастрасии маълумоти обуҳавошиносӣ чорабиниҳои заруриро дар сатҳу сифати баланд амалӣ намоем”, - иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Дӯстзода.

Таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ гирифтани ҳосили баланди зироат, рушди чорводорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ҳамкориҳои дуҷониба бо сохторҳои сайёҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба маълумоти саҳеҳ ва саривақтии обу ҳаво марбут мебошад.

Зикр гардидааст, ки таъмини саривақтии маълумоти дақиқи обуҳавошиносӣ сокинонро  аз хавфу хатар сари вақт огоҳ месозад.

0