Устои гулдӯз: ҳар як нақши сӯзанӣ маънои хосе дорад-видео

Обуна шудан
Устои гулдӯзӣ Ҳаким Тоҷибоев дар бораи нозукиҳои ин касб изҳори назар намуда, афзудаст, ки барои омода намудани як сузанӣ  чӣ қадар заҳмат бояд кашид

Дар коргоҳи ин усто пайваста кор дар ҷӯшу хурӯш аст. Худи Ҳаким бисёр моҳирона бо сӯзан ва ришта кор мекунад.

Производство на Кайраккумском Ковровом Комбинате - Sputnik Тоҷикистон
Дар Самарқанд корхонаи қолинбарории Тоҷикистону Узбакистон кушода мешавад

Коргарони коргоҳаш низ бо шавқу завқи хоса сӯзан мезананд ва ҳар гуна нақшу нигор меофаранд.

Барои тайёр намудани сӯзанӣ риштаҳои гуногунрангро кор мефармоянд.

Маъмулан риштаро қабл аз ба сузан кашидан дар қирмиз ва ё маводи махсуси рангкунанда, ранг мекунанд ва пас аз он ки ришта хушк мешавад барои офаридани нақш истифода мебаранд.

Ин устои гулдӯзӣ дар интихоби ришта ва ранг бисёр нозукбин аст.

"Ҳар як ранг ҷойи хоси худашро дорад. Дар интихоби ранг набояд ба хатогӣ роҳ дод. Ман ба наберагонам аввал мефаҳмонам, ки аз кадом рангҳо бояд кор гиранд, танҳо пас аз маслиҳати ман ба сӯзанзанӣ шурӯъ мекунанд",- нақл мекунад устои гулдузӣ.

Сӯзанӣ бофтан аслан миёни мардумони тоҷику узбак ривоҷ аст. Калимаи сӯзанӣ маънои "бо сӯзан дӯхтан"- ро дорад.

Агар чи солҳои пеш онро барои таъмини талаботи рузғор истифода мебурданд, ҳоло бошад ин навъи ҳунари мардумӣ бисёр машҳур шуда, дар аксар осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон намунае аз сӯзаниҳоро метавон мушоҳида кард.

Истеҳсолот дар ширкати "Қолинҳои Қайроққум" зиёд шуд

Зимнан солҳои пеш наварӯсон низ барои худ сӯзанӣ мебофтанд. Онҳо сӯзаниҳои худро бо аксҳои ҳайвонот гулу дарахт ва ё меваҳо оро медоданд.

Лентаи хабарҳо
0