(0:00 / .00Mb / )

Тоҷикистон дар бозиҳои АРМИ-2019. Пахши мустақим анҷом ёфт

331
(Таҷдидшуда 18:25 03.08.2019)
Имрӯз, 3 август сабқати байналмилалии "Биатлони танкӣ" АРМИ-2019 дар боғи "Патриот" - и вилояти Маскав ва размоишгоҳи Алабино расман оғоз шуд

Бозии имсола бо ширкати экипажи занони зиреҳпӯш баргузор мешавад.

Бозиҳои байналмилалии АРМИ - 2019 дар даҳҳо кишвари дунё баргузор мешавад. Давоми ду ҳафтаи оянда дар чорчӯби ин бозиҳо баргузории 31 сабқати байналмилалӣ дар назар аст.

Сабқати "Биатлони танкӣ" аз 3 август то 17 ҳамин моҳ идома хоҳад кард. Мусобиқаҳо дар 10 кишвари дунё: Озарбойҷон, Арманистон, Эрон, Ҳиндустон, Белорусия, Қазоқистон, Чин, Муғулистон, Русия ва Узбакистон баргузор мешавад.

Имсол бозиҳои ҷашнӣ буда, АРМИ, бори панҷум баргузор мешавад ва дар ин сабқат 220 даста байни ҳам рақобат мекунанд.

Дастаи Тоҷикистон имсол дар размоишгоҳи Алабинои вилояти Маскав ва дар вилояти Псков ҳунарнамоӣ мекунад.

Соли гузашта дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои АРМИ хуб ҳунарнамоӣ карда буд, вале ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфт.

331
Барчаспҳо:
биатлони танкӣ, бозӣ, "АРМИ-2016", АРМИ-2017, Русия, Тоҷикистон