Духтарони танкрон дар мусобиқаи "Биатлони танкӣ" мардонро қоил карданд

400
(Таҷдидшуда 20:08 05.08.2019)
Рӯзи 3 августи соли равон дар размоишгоҳи Алабино дар вилояти Маскав панҷумин бозиҳои артишӣ "Биатлони танкӣ" оғоз ёфт

Бозиҳои имсола хусусияти хоси худро пайдо кард – барои аввалин бор аст, ки дар он дастаҳои зиреҳсаворони занона ширкат доранд.ҷавондухтарони русӣ зиреҳсавор барои иштирок дар мусобиқаҳои мазкур 9 моҳ омодагӣ гирифтанд. То имрӯз онҳо дар сафи артиши Русия хизмат мекарданд, аммо ба дигар вазифаҳо машғул буданд. Аксари онҳо қаблан табиб буданд.

Ҷавондухтарони рус бо иштирок дар ин мусобиқа мехостанд ба ҳамагон нишон бидиҳанд, ки зан тавонои ҳамаи кор аст. Онҳо маҳз ба ҳамин хотир розӣ шуданд дар ин мусобиқа иштирок намоянд. Ҷавондухтарони зиреҳсавори рус, тонки Т-80УЕ-1-ро ба монанди мардон рондаву тирандозӣ карданд.

Дар мусобиқаи имсола се дастаи занони зиреҳсавор иштирок доранд. Ҳамагӣ дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ” 223 даста аз 39 кишвари дунё иштирок дорад.

Барои мисол дар мусобиқаҳои соли 2015 дар “Биатлони танкӣ” 43 даста аз 15 кишвари ҷаҳон иштирок мекард.

Панҷумин бозиҳои артишӣ дар размоишгоҳи Алабино дар вилояти Маскав рӯзи 17 августи соли равон анҷом хоҳад ёфт.

400