Навори садамаи пурқурбонӣ дар Рязан, ки ҷони 6 тоҷикистониро гирифт: Видео

Обуна шудан
Навори садамаи мудҳишдар Русия, ки ҷони шаш шаҳрванди Тоҷикистонро гирифт, нашр шудааст

Дар шоҳроҳи М-5 "Урал" садамаи маргбор рух дод, ки дар паи он шаш шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд. Миёни ҳалокшудагон кудакон низ ҳастанд.

Аз навор дида мешавад, ки ҳарду мошин дар паи задухӯрд чаппа шудаанд.

Худрави Мерседес пурра хароб шуда, чархҳояш дар ҳаво қарор гирифтааст. "Копот" -и худрави Тойота ҷудо шудааст.

Ба гуфти сардори идораи ВКД дар Рязан, Сергей Романов, ронандаи 30-солаи худрави Мерседес Вито бо мошини Тойота Ленд Крузер Прадо, бархӯрдааст.

"Бино ба маълумоти пешакӣ дар паи садама, шаш мусофири худраси Мерседес ҳалок шудаанд, ки миёни онҳо як кӯдак низ будааст. Шаш каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд", - гуфт ӯ.

Ронанда ва мусофирони худрави Тойота ҳама ба бемористон интиқол ёфтанд.

Манбаъ қайд кард, ки айни замон дар ҷои ҳодиса мақомоти қудратӣ кор мебаранд ва дигар ҷузъиёти ҳодиса омӯхта мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар паи садама ҳафт кас ҳалок шудааст, вале пас аз чанде ин хабар тасдиқ наёфт.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир шумораи қурбониён шаш кас гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0