Ҳеҷ кас наметавонад моро бадбахт кунад: таҷлили Иди Қурбон дар Сурия - Видео

385
(Таҷдидшуда 13:24 13.08.2019)
Ба вазъи мушкил ва амалиёти низомӣ дар гирду атрофи Сурия нигоҳ накарда, мардуми сурӣ Иди Қурбонро бо риояи анъанаҳои неки мусулмонон таҷлил карданд

Дар рӯзи Иди Қурбон кӯдакон дар чархофалак саворӣ карданд ва аз бузургсолон туҳфаҳо гирифтанд.

"Ба амалиёти низомӣ, ки дар наздикиҳои мо мегузарад нигоҳ накарда, мо идро таҷлил мекунем ва Шукри Худо мо хушбахтем.", - гуфт сокини маҳаллӣ.

Марди дигаре қайд кард, ки на ракетаҳо ва на терроризм наметавонанд аз онҳо хушбахтиро бигиранд.

Иди Қурбон, яке аз идҳои мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми моҳи зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.

Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ  барои қурбонӣ ҷоиз аст: гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Кадом дастархонро ҷарима мекунанд: "рейд" - и идгардак дар Душанбе

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Аз боло гузаред: гузориши аксӣ аз идгардак дар Душанбе

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.

385
Барчаспҳо:
кӯдакон, таҷлил, иди Қурбон, Сурия

Ҷанҷол бар сари нафти Сурия: Вашингтон таъкид дорад даромади нафт ба Амрико намерасад

166
(Таҷдидшуда 20:17 03.08.2020)
Чанде пеш Вазорати дифои Амрико эълон дошт, ки даромад аз истихроҷ ва фурӯхтани нафт дар шимолу шарқи Сурия, ки аз тарафи нерӯҳои Амрико нигоҳбонӣ карда мешаванд, ба курдҳо ва ҳампаймононашон равона мешавад, на ба хазинаи Вашингтон

Сухангӯи Пентагон Ҷонатан Ҳофман рӯзи 7-уми ноябр бо ишора ба нирӯҳои демократии Сурия зери роҳбарии курдҳо ба рӯзноманигорон гуфт, “даромади нафт ба Амрико намерасад, ба Нирӯҳои Демократии Сурия мерасад”.

Ҳофман афзуд: мақсад ин аст, ки ба Нирӯҳои Демократии Сурия ба роҳбарии курдҳо иҷозат дода шавад, барои пурзӯр кардани қудраташон дар маъракаи ба зидди “Давлати исломӣ” тавоноӣ дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири тиҷорати дохилии Сурия Отиф Наддоф эълом кард, Иёлоти Муттаҳида аз тариқи Туркия, нафти истихроҷшуда дар Сурияро ба кишварҳои дигар мефурушад.

Отиф Наддоф афзуд, душмани мо Иёлоти Муттаҳида аст ва онҳо нафти моро ба Туркия ва аз тариқи Туркия ба дигар кишварҳо мефурушанд.

Ин мақоми сурӣ гуфт, дар бисёре аз минтақаҳои нафтхези Сурия зерсохтҳо комилан аз байн рафта, роҳи оҳан тахриб шуда ва тамоми нерӯгоҳҳо нобуд шуда ва Сурия маҷбур аст нафтро ворид кунад.

Пеш аз ин Сергей Шойгу- вазири дифои Русия гуфта буд, ки Амрико ошкоро ва бо вақоҳат конҳои нафтӣ дар Сурияро ғорат мекунад ва дар айни ҳол таҳримҳо арзаи нафт ба ин кишварро мамнӯъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисиҷумҳурии Амрико, ки пеш аз ин аз қасди худ барои ақибнишинии нерӯҳои амрикоӣ аз шарқи Сурия хабар дода буд гуфт, ки бархе аз сарбозони амрикоӣ ҳамчунон аз нафти Сурия муҳофизат мекунанд.

Ҳамчунин вай гуфта буд, ки сарбозони амрикоӣ қасд надоранд ба Русия ё артиши Сурия иҷозаи вуруд ба минтақаҳои нафтхезро бидиҳанд.

166
Барчаспҳо:
Вашингтон, Амрико, фурӯхтан, нафт, ғорат, Русия, Сурия
(128:04 / 611.79Mb / просмотров видео: 30)

Маросими "сангандозӣ сӯи шайтон" дар Макка

354
(Таҷдидшуда 19:31 02.08.2020)
Дар Арабистони Саудӣ феълан зиёрати Хонаи Худо идома дорад ва алъон зоирин маросими "сангандозӣ сӯи шайтон" - ро иҷро мекунанд

Имсол зиёрати Хонаи Худо 29 - уми июл шӯрӯъ шд ва то 2 - юми август идома кард.

Дар рӯзи охири зиёрат, мусалмонон маросимим "сангзании шайтон"- ро ба ҷо меоранд. Зоирин ба се девор, ки дар Мино дар шарқи Макка ҷойгир аст, санг меандозанд.

Сангсор кардан яке аз амалҳои ҳатмии маросимест, ки бояд ҳангоми ҳаҷ анҷом дода шавад. Ин маросим таҷдиди рамзии як воқеаест аз ҳаёти пайғамбар Иброҳим, ки сӯи шайтон санг мепартофт, чун шайтон васваса мекард, ки амри Худовандро иҷро накунад ва фарзандашро аз марг наҷот диҳад.

Ҳаҷ - 2020 лағв мешавад? Дар Арабистони Саудӣ теъдоди маризони COVID -19 рӯ ба афзоиш аст

Зоирин бояд ба ҳар девор 7 - тои санг ҳаво диҳанд. Пас аз сангсор кардани шайтон, зоирин бояд ё мӯйи сарашонро қайчӣ ва ё комилан кал кунанд. Давоми ду рӯзи оянда онҳо бояд ба ҳар се девор ҳафт маврид санг андозанд. Ҳар як зиёраткунанда бояд ҳадди аққал 49 санг партояд. 

Маъмулан сангҳоро дар Мино ва ё дар Муздалифа як рӯз қабл аз ин маросим ҷамъоварӣ мекунанд.

354
Одиночная фотография журналиста из Приморья Юрия Смитюка «Остров Врангеля»

Озмуни ёдбуди аксбардор Андрей Стенин ғолиби овоздиҳии онлайниро эълон кард

0
Корбарони интернет ғолиби Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенинаро интихоб карданд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Беҳтарин кори Озмуни байнулмилалии ёдбуди Андрей Стенин, ба андешаи корбарони интернет, акси ягонаи рӯзноманигор аз Юрий Ситюк таҳти унвони"Ҷазираи Врангел" шинохта шуд.

Павел Кулемеев, корманди илмӣ ва нозири мамнуъгоҳи "Ҷазираи Врангел" бо истиқбол ва таассуроти зиёд акси рӯзноманигорро табиӣ ва воқеӣ хонадаас.

Ҷазираи Врангелел шимолтарин ҷазираи муҳофизатшаванда дар Арктикаи Русия аст. Уқёнуси Арктика ҷазираро аз ҷониби меридиан 180 дараҷа тақсим кардааст ва аз ин рӯ он дар ду ҷониб ҳам ғарб ва ҳам шарқи сайёраи мо ҷойгир аст.

Сафарҳо ба мамнуъгоҳҳои табиии “Ҷазираи Врангел” маҳдуданд, аммо дар тобистон ва тирамоҳ тақрибан даҳҳо хатсайрҳои сайёҳӣ мавҷуданд.

Моҳи сентябр Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стениндар ғолибонашро дар сомонаи stenincontest.ru | эълон хоҳад кард, ҳамзамон дар Маскав намоишгоҳи аксҳои барандагони он кушода мешавад.

Озмун инчунин ният дорад, ки намоиши анъанавии аксҳои ғолибонро дар шаҳрҳои ҷаҳон то охири сол ба роҳ монад.

Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенин ҳамасола барои аксбардорони ҷавони аз 18 то 33 сола доир мешавад. Имсол, озмун беш аз 5000 асарро аз 75 кишвари ҷаҳон ҷамъ овардааст.

Аз оғози роҳандозии озмун соли 2014 то кунун аксҳои ғолибони он дар Москва, Кейп Таун, Будапешт, Мадрид, Деҳлӣ, Милан, Ню Йорк, Анқара, Буэнос-Айрес ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шуданд.

Қабули дархостҳо барои ширкат ҳамасола 22 декабр дар зодрӯзи аксбардор МИА "Россия сегодня" Андрей Стенин, ки дар вақти адои хизмат вафот кард, қабул карда мешаванд.

Шарикони байналмилалии ВАО-и озмун: агентии хабарӣ ва радиои Sputnik, агентии иттилоотии Askanews, медиахолдинги Independent Media, агентии хабарии Notimex, агентии иттилоотии ANA, шабакаи телевизион ва сомонаи RT, Shanghai United Media Group (SUMG), сомонаи рӯзномаи интернетии China Daily, сомонаи интернетии The Paper, шабакаи расонаҳои Al Mayadeen, агентии хабарии Prensa Latina, агентии хабарии News1, сомонаи хабарии DBW, пойгоҳи хабарии Brasil247.

Ҳамчун шарикони соҳа озмунро дастгирӣ мекунанд: Маҷаллаи National Geographic Россия, портали Russian Photo, портали Photo-study.ru, мактабӣ аккосии “Академияи аксбардорӣ”, портали иттилоотӣ YOung JOurnalists, маҷаллаи Fotoargenta, клуби фотожурналистикаи Ню-Дели, маҷаллаи Enfoque Visual, маҷалла LF Magazine, сайти шарики байналмилали шарик - фестивали PhotON.


0
Барчаспҳо:
ёдбуд, ғолиб, намоиш, Аккос, Озмун, Русия