Духтари базмӣ: вақте, кӯдак худро духтари қадрас эҳсос мекунад - Видео

253
(Таҷдидшуда 14:58 13.08.2019)
Дар интернет наворе паҳн шудааст, ки дар он духтарак бо пошнаҳои хеле баланд ба қафо нигоҳ накарда, медавад

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна кӯдак бо кашфҳои баландпошна, ки аз худаш чанд маротиба калонтаранд ба тарафи номаълум медавад.

Дар баробари ин, кӯдак хеле моҳирона бо пошнаҳои баланд роҳ мегардад.

На ҳар як модар метавонад бо чунин пошнаҳои баланд озодона роҳ гардад.

Ҳаракати дуруст ва саривақтии хоҳар додарро аз марг наҷот дод – навор

Бархе аз корбарони интернет ҳадз задаанд, ки кӯдак ба базм шитоб дорад. Гурӯҳи дигари корбарон ӯро мудел хонданд.

Ва пайдо шуданд онҳое ҳам, ки волидони духтаракро барои шӯхии беҷо сарзаниш карданд.

"Ба ҷои он, ки кӯдакро гирифта пойафзолро аз пояш кашанд, ки қариб пояшро дар болои асфалт шиканад, онҳо ба наворгирӣ машғуланд", - навиштаанд корбарон.

253
Барчаспҳо:
рақс, духтарак, Ҷаҳон