Даҳшат: гурбаи баҳрӣ духтаракро "фурӯ" бурд - Видео

2905
(Таҷдидшуда 12:20 20.08.2019)
Донишҷӯи канадагӣ тасодуфан ҳодисаеро ба навор гирифт, ки дар он гурбаи обӣ қариб духтаракро фурӯ барад

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна гардишгарон дар соҳил, ба гурбаи баҳрӣ нон медиҳанд, ки қатъиян манъ аст. Дар охир гурба оҳиста оҳиста ба назди мардум наздик шуда, духтаракро "фурӯ" мебарад.

Хушбахтона падари духтарак дар наздикиҳо қарор дошт ва даррав худро ба баҳр ҳаво дода, духтарашро наҷот дод.

Сайру гашти Медведев бо "саг" - и Бердимуҳаммадов - Видео

Аз навор дида мешавад, ки духтарак ҷароҳат набардоштааст, вале бо боварӣ метавон гуфт, ки бечора сахт талхакаф шуд.

Пас аз ин ҳодиса, раҳбари баҳрнавардон ба гардишгарон фаҳмонд, ки пешниҳоди нон ба ҳайвонот қатъиян манъ аст.

"Бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ бо саг шинӣ...": тӯтӣ худро саг мешуморад - видеои хандаовар

Чанд сол боз ба сайёҳон мефаҳмонанд, ки ин ҷо ҳайвоноти баҳрӣ барои дарёфти "қути лоямут" меоянд ва шояд гурба пироҳани сафеди духтаракро хаёли нон карда, ӯро ба назди худ кашид.

2905
Барчаспҳо:
сайёҳат, об, баҳр, шер, Канада, Ҷаҳон

Табобат мекунад: Путин дар бораи нахустин ваксинаи зидди COVID -19 дар Русия - видео

490
Исбот шудааст, ки аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар Русия аллакай бехатирӣ ва самаранокии худро нишон додааст

Нахустин ваксина аз коронавируси COVID - 19 дар Русия сабти ном шуд, эълом кард президенти кишвар Владимир Путин.

"Субҳи имрӯз бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи коронавирус сабти ном шуд", - изҳор дошт Путин дар рафти маҷлис бо узви ҳукумати кишвар.

Путин таъкид кард, ки ваксинаи коронавирус аз тамоми ташхисҳои лозима гузаштааст.

Путин аз сабтиноми нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия эълон кард

"Медонам, ки ваксинаи мазкур самарабахш аст, маснуияти баданро ҳосил мекунад", - афзуд президенти Русия.

Путин ба коршиносон барои кори фаврӣ ва пурмасъул дар коркарди ваксинаи зидди коронавирус изҳори сипос кард. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки ба наздикӣ ваксини мазкур дар ҳаҷми зиёд истеҳсол ва ба аҳолӣ дастрас мешавад.

Вазири тандурустии кишвар Михаил Мурашко таъйид намуд, ки нахустин ваксини дар Русия сабтиномшуда аллакай самаранокӣ ва бехатарии худро исбот кардааст.

490
Барчаспҳо:
нахустин, Русия, Владимир Путин

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

719
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

719
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромез

131
(Таҷдидшуда 13:22 13.08.2020)
Чуноне дар навор дида мешавад як духтарак бо ду ҷавон ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд

ДУШНБЕ, 13 авг — Sputnik. Милисаҳои Душанбе се шаҳрванд, ду ҷавон ва як занро барои пранки ғайриахлоқӣ баздошт намуда, ҳабс ва ҷарима кардаанд.

Тавре РВКД Душанбе гузориш додааст, 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном "блогер" мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст.

"Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад", - менависад манбаъ.

Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд.

Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ "блогерҳо" наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” мегӯянд.

"Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд. Аз ҷумла инҳо Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович, Муҳаммадиев Акбар Одилович ва Кулиева Матлуба Баҳодуровна мебошанд", -  тавзеҳ медиҳад РВКД ДУшанбе.

Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии "пранк"-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.

Милиция Душанбе задержали трех блогеров
Милиция Душанбе задержали трех блогеров

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вайрон гардидааст.

Нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

131