(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 4)

"Ифтихори мусулмонон": маросими ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Урупо

813
(Таҷдидшуда 15:42 23.08.2019)
Да Чеченистон бузургтарин масҷид дар Аврупо ифтитоҳ мешавад . Масҷиди сафед, ки ба он “Ифтихори мусалмонон” ном гузоштаанд, метавонад якбора то 30 ҳазор намозхонро ҷойгир кунад

Дар Чеченистон сохтмони бузургтарин масҷид дар Аврупо, ки “Ифтихори мусалмонон” ном гирифтааст, анҷом ёфт.

Масҷид дар шаҳри Шали ҷойгир шудааст.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи масҷид рӯзи 23 августи соли равон, дар рӯзи 68-умин зодрӯзи Аҳмад Қодиров, нахустин раисҷумҳури Чеченистон баргузор мегардад.   

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Ассаламу алайкум! В четверг вместе с дорогими БРАТЬЯМИ - депутатом Госдумы Адамом Делимхановым @za_delimkhanov95, муфтием Чеченской Республики Салахом-Хаджи Межиевым @dumchr, первым заместителем Председателя Правительства ЧР Исой Тумхаджиевым @za_isa_t95 я посетил величественную мечеть и школу хафизов в городе Шали. Религиозные объекты практически готовы к открытию - строители наводят последние штрихи. Мечеть будет носить название «Гордость мусульман», что очень символично. Она станет самой большой в Европе. Архитектурное сооружение вместит свыше тридцати тысяч человек, а, учитывая прилегающую территорию, здесь одновременно смогут молиться около 100 000 верующих. Мечеть поражает воображение великолепными архитектурными данными. Кроме того, это уникальное по своим техническим характеристикам сооружение. Я с удовольствием отметил, что все практически готово к торжественному моменту открытия, полным ходом идут последние приготовления к предстоящему значимому для всей России и мусульманской Уммы события. Также я ознакомился с ходом работ строительства школы хафизов в Шали. Она станет седьмым религиозным образовательным учреждением подобного типа. Школа рассчитана на сто человек. В проекте предусмотрены великолепные условия для учёбы, проживания и досуга детей – от спальных корпусов и учебных помещений до спортзала и игровых площадок. Учреждение названо в честь Дурди-Шейха – одного из самых известных и уважаемых мюридов Кунта-Хаджи Кишиева и возводится на месте, где он жил в своё время. Я остался доволен проделанной работой и текущими темпами его выполнения. Привлечённые к строительству религиозных объектов специалисты в высшей степени ответственно и профессионально подошли к своим обязанностям. Я выразил благодарность дорогим БРАТЬЯМ - советнику Главы ЧР Амрудди Эдильгириеву @edelgiriev_amr, который курирует реализацию проектов, и главе района Турпал-Али Ибрагимову @za_kra_bistriy_95. Открытие мечети и школы хафизов в Шали запланировано на 23 августа. #Кадыров #Россия #Чечня #Шали #Ислам

Публикация от Kadyrov_95 (@kadyrov._95)

Масҷид дар Чеченистон давоми ҳафт сол аст, ки сохта мешавад. Масҷид дар шакли меъмории  Осиёи миёна бунёд гардидааст. Масҷиди сафед дорои чаҳор манора бузург мебошад. Масҷид метавонад якбора то 30 ҳазор намозхонро ҷойгир кунад. Агар гирду атрофи масҷидро ба назар гирем, дар Масҷид ва гирду атрофи он  якбора метавонанд то 100 ҳазор нафар адои намоз кунанд.

Қарор аст, барои иштирок дар маросими ифтитоҳи масҷидба Чеченистон беш аз 200 меҳмон аз 43 кишвари ҷаҳон ворид гардад.

“Ба масҷид “Ифтихори мусалмонон” ном гузоштанд. Ин бисёр муҳим аст. Масҷиди мазкур дар Аврупо бузургтарин масҷид дониста мешавад. Масҷид бо меъмории зебоаш инсонро дар ҳайрат мегузорад. Инчунин ин масҷид аз ҷиҳати техникӣ нодир аст”, - навиштааст Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон.

Ҳамзамон дар баробари масҷиди “Ифтихори мусалмонон” дар шаҳри Шали мактаби ҳофизон ба номи шайх Кунта-Ҳоҷӣ Кишиев Дурдӣ-Шайх  ифтитоҳ хоҳад шуд.

813
Барчаспҳо:
маросими ифтитоҳ, Аврупо, масҷид, бузургтарин, Чеченистон, Русия

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд видео

39
(Таҷдидшуда 18:51 21.01.2021)
Вазорати дифои Русия ахиран навори маъракаи эмгузаронӣ бар зидди вируси корона дар Тоҷикистонро миёни низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия интишор кард

Маъракаи эгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия оғоз ёфт. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, шурӯъ шуд.

Эмгузаронӣ бо воксинаи "Гам-КОВИД-ВАК" ("Спутник V"), ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст, гузаронида мешавад.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.

"Эмгузаронӣ ба таври ихтиёрӣ, бо имзои санади розигии низоми ё шахси ғайринизомӣ сурат мегирад", - гуфт Дамир Ижбердеев, сардори беморхонаи ҳарбии 451-уми Русия.

Пеш аз эмгузаронӣ, табибон вазъи сарбозро ташхис мекунанду ва дар бораи оқибатҳои манфии воксина ба таври комил маълумот пешниҳод мекунанд. Ҳар як низомӣ дар бораи сироят, нишонаҳои он ва таъсири воксина пешакӣ огоҳӣ гирифтаанд.

39
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, пойгоҳи 201-уми Русия, Русия, пойгоҳ, низомиён, вируси корона, Тоҷикистон

Таркиши вулқон дар Италия мардумро ба таҳлука андохтааст - видео

89
(Таҷдидшуда 19:17 20.01.2021)
Мардуми шаҳр хоб мекунанду, вулқони Этна бедор мешавад. Гарчанде сӯзиши вулқон дар навор ҳайбатовар намояд ҳам, коршиносон мегӯянд он ба мардум хатаре надорад

Шаби гузашта вулқони Этна воқеъ дар шарқи соҳили дарёи Ситсилия, аз хоб бедор шуд. 

Сӯзиши вулқон ва хокбод заминларзаеро ба вуҷуд овард. 

Сутуни азиме аз хокистар, ки баландии он чор километр аст, дар болои вулқон ба осмон бархост.

Мақомоти Италия бонги хатар заданд. Аммо, коршиносон, ҳатто бо вуҷуди видеоҳои даҳшатбор ва нооромии мардуми маҳаллӣ, мегӯянд, Этна ҳанӯз барои сокинони ҷазира хатаре надорад.

Этна баландтарин вулқони фаъол дар Урупо ба шумор меравад. Ба ҳисоби миёна, дар давоми се моҳ як маротиба вулқон ба таркиш медарояд. Тақрибан дар 150 сол як маротиба вулқон метавонад ягон деҳаеро хароб кунад.

89
Барчаспҳо:
қасди сӯзиш, Италия
 Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода

Роҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ маълум шуд

0
(Таҷдидшуда 21:07 21.01.2021)
Мақсуд Нуруллоев раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ интихоб шудааст

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” интихоби Мақсуд Нуруллоев дар ҳолест, ки моҳи апрели соли гузашта раиси собиқи бахши ҲДТ дар ноҳияи Панҷ Шариф Назаров, бинобар сабаби гирифторӣ бемории ҳамагири коронавирус аз олам даргузашт.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода таъкид доштааст, ки  Мақсуд Нуруллоев аз соли 2013 инҷониб узви ҳизб аст. Вай қайд кардааст, ки ҲДТ дар ноҳияи Панҷ 227 аъзо дорад.

Усмонзода сабаби интихоби шудани Нуруллоевро ба раисии бахши ҳизб дар ин ноҳия ба “фаъолу дилсӯз” будани ӯ рабт дод.

Манбаъ зикр кардааст, ки Мақсуд Нуруллоев соли гузашта дар баробари раиси феълии ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. дар интихобот ба вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-54, тариқи худпешбарӣ, номзад буд, аммо мутаасифона интихоб нагардид.

Нуруллоев Мақсуд Бекмуродович 26-уми июли соли 1977 дар деҳаи ба номи Ҳасан Шерови ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, дар оилаи ронанда ба дунё омада, солҳои 1983-1993 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и деҳааш таҳсил кардааст. Ихтисосаш ронанда аст. Ӯ то чанд соли охир раисии кумитаи маҳаллаи деҳаи ба номи Ҳасан Шеровро ба уҳда дошт.

0
Барчаспҳо:
интихоб, Панҷ, раис, Ҳизби демократи Тоҷикистон