(1:48 / 14.42Mb / просмотров видео: 33956)

Бархӯрди мошинҳо ва тирпарронӣ: наворгирии "Форсаж 9" дар Гурҷистон - Видео

513
(Таҷдидшуда 13:23 30.08.2019)
Гурӯҳии кории "Форсаж" маркази шаҳри Тблисиро қариб "нобуд" карданд

Бархӯрди мошинҳо, тирпарронӣ ва гонкаи воқеъӣ! Касе фикр ҳам намекард, ки хиёбони марказии шаҳри Тблисии ба номи Шота Руставелӣ ба майдони наворгирии машҳуртарин филми Голливуд "Фарсаж" табдил меёбад.

Рӯзи чорум мешавад, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Тбилисиро таркишҳо, бархӯрди мошинҳо, ронандагони ноттарс ва овози чархҳои худрав иҳота кардааст.

Наворгирии филми "Форсаж 9" дар кӯчаҳои Тблисӣ дар ҷӯшу хуруш аст.

Ба наворгирии филми машҳур дар Гурҷистон ду ҳафта идома хоҳад кард.

Адреналини воқеъиро аз навори Sputnik Гурҷистон эҳсос кунед.

513
Барчаспҳо:
мағозаҳо, таркиш, кино, филм, навор, Гурҷистон

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

366
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

366
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

653
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

653
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 08:56 10.08.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, душанбе, аввали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1400 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3120 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1991 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1425 то 0,1445 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1390 то 0.1460 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1415 то 0,1470 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0
Барчаспҳо:
евро, сомонӣ, доллар, рубл, арзиш, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон