Бозуи рустамона: роҳгардии тоҷики маъюб рӯи даст мардумро мабҳут кард - Видео

316
(Таҷдидшуда 19:52 30.08.2019)
Дастони қавӣ, пушти "оҳанин" ва қавииродагии ҷавони маъюби тоҷик корбарони интернетро шигифтзада кард

Ҷавони маъюби тоҷик бо роҳравии аҷиби худ, мардумро дар ҳайрат гузошт.

Ин ҷавон Исфандиёр ном дошта, аз деҳаи Тутои наздикии Кӯлоб аст. Пойҳои Исфандиёр маъюб аст, аз ин рӯ барояш роҳравӣ бо пой мушкил аст.

Вале бадани қаҳрамони навор бисёр ҳам обутобёфта аст.

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна ҷавони тоҷик рӯи дастонаш роҳ рафта, гоҳо аз болои кӯҳ гоҳо рӯи лӯлаи тафсон ва ҳам болои девор роҳ меравад.

Ҳамчунин шунида мешавад, чӣ гуна дӯстони Исфандиёр ӯро дастгирӣ мекунанд.

Масалан дар яке аз наворҳо дӯсти Исфандиёр мефаҳмонад, ки Исфандиёр аз теппаи баланде мефарояд.

"Ман ҳатто бо пойҳоям наметавонам аз чунин баландӣ фароям", - шарҳ медиҳад дӯсти Исфандиёр.

Дар навори дигар Исфандиёр болои лӯлаҳои тафсон ва девори борике бо дастонаш роҳ меравад.

Ин амали ҷавони тоҷик боиси таҳсин аст. Пас аз намоиши чунин дастовардҳо Исфандиёр бе чуну чаро бояд узви мунтахаби паралимпии Тоҷикистон шавад.

316