Навори таниши марзии тоҷикону қирғизҳо барои роҳ - видео

528
(Таҷдидшуда 14:51 02.09.2019)
Таниши миёни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ба навор афтодааст

Рӯзи 31 август дар марзи Тоҷииктсону Қирғизистон муноқиша рух дод.

Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон мегӯяд, даргирӣ дар минтақаи наздисарҳадии Ботканд миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ омад.

Гуфта шуд, ки низоъ дар деҳаи Тош-Тумшуқи ноҳияи Ботканд рух дод, чун  сокинони Тоҷикистон дар қисмате, ки то ҳол аломатгузорӣ нашудаст, ба асфалтпушии роҳ шурӯъ карданд.

Тибқи иттилои мақомоти Қирғизистон, сарҳадбонон дархост намудаанд, ки тоҷикон корро қатъ кунанд, аммо сокинони наздимарзии Тоҷикистон посух надоданд - сипас хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳаво тир кушоданд ва дар ҷавоб онҳоро сокинони тоҷик сангбор карданд, ки ба ин муноқиша сокинони наздимарзии Қирғизистон ҳам дахолат кардаанд.

Аз навор дида мешавад, ки дар миёни анбӯҳи мардуми ҷамъшуда, намояндагони қудратӣ низ ҳастанд.

Манбаъ афзуда, ки дар охир, сокинони наздимарзии Тоҷикистон ба идомаи корашон дар роҳ хотима бахшиданд ва миёни сокинони ҳар ду ҷониб корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шудааст.

528
Барчаспҳо:
сарҳад, таниш, марз, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (74)