Офарин! Баҳои баланди Путин ба ҳунари Нурмуҳаммадов - видео

404
(Таҷдидшуда 20:58 13.09.2019)
Президенти Русия Владимир Путин размикори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо пирӯзии навбатиаш муборакбод гуфт. Суҳбати пурраи кишвардор бо варзишкорро аз навор бубинед

Владимир Путин бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори ҳунарҳои размии омехта дар фурудгоҳи шаҳри Махачкала мулоқот кард.

Нурмуҳаммадов ба фурудгоҳ омад, то Путинро, ки бо сафари корӣ дар Доғистон қарор дошт, гусел кунад.

Раисиҷумҳури Русия ҳангоми мулоқот, Ҳабибро бо пирӯзияш бар Дастин Пуаре шодбош гуфт.

"Ман туро табрик мегӯям, хеле зӯрозмоии хуб, зебо ва мунсифона буд", - изҳор дошт Путин ҳангоми мулоқот ва дар бораи шеваи қувваозмоии Нурмуҳаммадов низ назарашро гуфт.

Сипосгузории Дастин Пуаре аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои дарс - акс

"Тамошо кардам, усули хуби буғикунандаро дидам. Ин шеваи классикӣ аст ва ба гулӯяш низ фишор наовардӣ", - илова намуд Путин.

Сабқати Нурмуҳаммадов бо Пуаре шаби 7 сентябр дар Абу-Дабӣ сурат гирифта, бо пирӯзии варзишкори доғистонӣ анҷом ёфт.

404
Барчаспҳо:
мулоқот, дидор, табрикот, Ҳабиб Нурмуҳаммадов, Владимир Путин