Чигуна Маскав макони истиқрори сулҳи тоҷикон гардид – навор

Обуна шудан
Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон 27 июни соли 1997 болои мизҳои Кремл дар шаҳри Маскав ба имзо расонида шудааст

Талхиҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997) дар хотираҳои ҳамагон боқӣ мондаанд ва даҳшаттарин рӯзҳо барои мардуми тоҷик ва кишвари Тоҷикистон дониста мешаванд.

Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ, ки баҳори соли 1992 миёни нерӯҳои исломию демократ аз як ҷониб ва "Фронти халқӣ" аз ҷониби дигар шурӯъ шуда панҷ сол идома кард, ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд. Зарари иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мамлакатро аз таҳдиди нестшавӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Ҳамин тариқ 27 июни соли 1997, ки рӯзи ба имзо расонии созишномаи сулҳи тоҷикон дар таърих сабт шудааст ба ҳама ин даҳшатҳо поён бахшид.

© Sputnik / Александр Макаров / Гузариш ба медиабонкВстреча Председателя Правительства РФ Виктора Черномырдина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоновым и лидером Объединенной таджикской оппозиции Абдулло Саидовым
Чигуна Маскав макони истиқрори сулҳи тоҷикон гардид – навор - Sputnik Тоҷикистон
Встреча Председателя Правительства РФ Виктора Черномырдина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоновым и лидером Объединенной таджикской оппозиции Абдулло Саидовым

 Дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имзо карда, ба ҷанги панҷсолаи дохилӣ хотима доданд.

Дар ин рӯзи муҳим қалби Маскав – Кремл ҳамчун мавзеи боҳамоии ду ҷониб дарҳояшро ба рӯи онҳо боз кард ва ба ин восита дар таърихи халқи тоҷик ҷои худро пайдо кард. Бояд гуфт, ки дар ин макон тарафҳо ҳайати фронти халқии Тоҷикистон ва намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик  9 маротиба барои гуфтушунид бо ҳам омада буданд .

Расидан ба сулҳ роҳи осон набуд

Ба имзо расонидани истиқрори сулҳи тоҷикон дар Кремл бори 9-ум амали гардид. Гуфтушунидҳо дар бораи созишномаи сулҳ алакай дар соли 1994 оғоз шуда буданд. Дар ин гуфтушунидҳо аз ҷониби Русия роҳбари ҳукумати вақтӣ Виктор Черномирдин, роҳбари якуми Вазорати умури хориҷаи Русия Андрей Козиров ва мудири вақтии хадамоти кашофии хориҷа Евгений Примаков иштирок карда буданд.

Яке аз шоҳидони воқеаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ҷойнишини Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Худойберди Холиқназаров вазъро чунин шарҳ дод.

“Дар он вақт барои мо аз ҳама муҳим бо ҳар роҳе, ки набошад хомуш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Аммо дар аввал барои ҳама ба як қарор омадан хело душвор буд. Ин кор на танҳо аз роҳбарони ҷонибҳо вобаста буд, балки аз қумандонҳои мухолифин ва қумандонҳои ба ном warlords – дар ин ё он риштаи мудофиа, низ вобаста буд”, - ёдовар мешавад Холикназаров.

Ҳамин тариқ новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда тарафҳо тааҳҳуд карданд, якдигарро бахшида ва як кишвари озоду демократие хоҳанд сохт, ки "дар он озодии сухан, виҷдон, интихобот ва имконоту шароити баробари иқтисодию тиҷоратӣ барои тамоми шаҳрвандон, новобаста ба дину мазҳаб, ҳизбият ва забон фароҳам бошад". Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷашнҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд.

Рӯзи 27 июн, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Кремл – чигуна ҷои ба имзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ

Дар моҳи декабри соли 1996 ҷонибҳо ҳуҷҷатеро ба имзо расониданд, ки ба кори ояндаи амали намудани истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон таъсири ниҳоӣ гузошт.

В 201-й РВБ прошли праздничные мероприятия, посвященные Дню Победы - Sputnik Тоҷикистон
Ҳам ҷангу ҳам сулҳ: пойгоҳи низомии 201-уми Русия 75 сол дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон

Санадҳои зарури як чанд моҳ пеш то мулоқот таёр ва аз тарафи ҷонибҳо омухта шуда буданд. Дар Кремл фақат гуфтушуниҳои ниҳоӣ ва имзои онҳо сурат мегирифт.

Албатта, ки ин гуфтушуниҳо бе бавуҷудоии вазъи ногувор ба поён намерасиданд. Масалан ба гуфтаи Иброҳим Усмонов якчанд рӯз пеш то нуқтаи ниҳоӣ намояндагони мухолифин бо талаби ҳал намудани масъалаи озоднамоии баъзе намояндагонашон аз зиндонҳо аз имзо гузоштан даст кашиданд. Аммо инҷо ҳам ин масъала ҳали худро ёфт.

Ҳамин тариқ дар рӯзи дигар ҳарду ҷонибро дар фурудгоҳи Душанбе бо гулчанбарҳо пешвоз гирифтанд.

Онҳо ба кишвар сулҳ оварданд ва онро нигоҳ доштанд

Дар масъалаи дастрасӣ ба мусолиҳаи миллӣ ҳусни ният, садоқат, ватанхоҳӣ ва миллатдўстии сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари неруҳои мухолифини Тоҷикистон Саид Абдуллои Нурӣ хеле муассир буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат - Sputnik Тоҷикистон
Нақши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон

Раванди сулҳи тоҷикон рўйдоди душвор, вале мўхими сиёсие буд, ки сарнавишти миллати тоҷикро муайян намуда, заминаи муттаҳидӣ ва якпорчагии онро фароҳам сохт ва киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.

"Далели аслии комёб шудани оштигарии СММ дар Тоҷикистон ин буд, ки талошҳои оштихоҳонаи он созмон бо манофеъи миллии худи тоҷикон ва кишварҳои Русия ва Эрон, ки дар ҳалли ихтилофи тоҷикон ҳамсуд буданд, созгор омад", — мегуяд профессор Абдунабӣ Сатторзода.

Умуман сулҳе, ки дар Тоҷикистон бо душвориҳои зиёд, бар ивази хуни ҳазорон ҳамватанони мо ба даст омадааст, дар миқиёси умумиҷаҳонӣ руйдоди беназир ва намунаи ҳалли мухолифат ва низоъҳои миллию хонаводагӣ, ки имрўз дар гўшаву канори гуногуни олам ба назар мерасанд, эътироф шудааст.

Лентаи хабарҳо
0