(1:05 / 8.16Mb / просмотров видео: 9292)

Зодрӯзи Путин: гашту гузори президент бо Шойгу дар ҷангал - видео

942
(Таҷдидшуда 12:48 07.10.2019)
Президенти Русия Владимир Путин ва вазири дифоъи кишвар Сергей Шойгу дар ҷангал сайру гашт карданд ва занбурӯғ чинданд

Владимир Путин дар остонаи зодрӯзи худ дар ҷангал гашту гузор кард ва занбурӯғ чинд.

Имрӯз президенти Федератсияи Русия, Владимир Владимирович Путин 67 сола мешавад.

Зодрӯзи Президент: суҳбати ғайрипротоколии Раҳмон ва тасвири Озода Раҳмон-видео

Дар остонаи рӯзи мавлуд, ӯ ҳамроҳи вазири дифоъ Сергей Шойгу савори худрав дар ҷангал сайёҳат кард, вале баштари роҳро пиёда тай намуд.

Шӯхии Путин дар бораи Саддом Ҳусейн ва яроқи ҳастаӣ - видео

Дар ҷое ҳам президент ва вазир дам гирифтанд ва Владимир Владимирович ба болои теппа баромада аз зебогиҳои Енесей ҳаловат бурд.

Пештар сухангӯи президент Дмитрий Песков гуфа буд, ки Владимир Путин рӯзи зодрӯзашро ҳамроҳи хонавода дар иҳотаи табиат таҷлил мекунад.

942
Барчаспҳо:
зодрӯз, Сергей Шойгу, Владимир Путин

Воқеияти ҷадид: аз чӣ Качаряни зиндонӣ Пашинянро ҳушдор дода буд - видео

96
(Таҷдидшуда 18:21 01.03.2021)
Рӯзи аввали март - оғози муқовимати сарвазир Никол Пашинян ва президенти собиқ Роберт Кочарян мебошад, ки то ҳол чун парвандаи ба истилоҳ "1 март" идома дорад. Тафсилоти бештар - дар видеое, ки соли 2019 омода шудаст

Ҳанӯз дар соли 2019, Кочарян аз боздоштгоҳ ба идораи Sputnik як номаи хос фиристода буд. Дар мактуб, собиқ раисиҷумҳур вазъи онвақтаи дохилии сиёсиро шарҳ дода, инчунин сиёсати худи Пашинянро танқид кард.

Ҳоло суханони сарвазир Пашинян, ки дар мусоҳиба бо RT изҳор дошта буд, ба тарзи вижа садо медиҳанд: "Ман он гуна сарвазир нестам, ки ҳамеша аз гум кардани мақомам битарсам". 

"Раққоси бад": шубҳаи Пашинян аз эътимоднокии "Искандар"-и Русия

Маврид ба зикр аст, ки Кочарян дар номаи худ иттилоъ медиҳад, ки  сарвазир Пашинян аз пуштибонии ҳизби ифротии Сасна Срер бархӯрдор аст.

Аммо, вазъ аз соли 2019 то ба ҳол ба куллӣ тағир ёфт. Акнун гуруҳ аз пуштибонии сарвазир даст кашида, ҷонибдори шиори "На барои гузашта, на барои ҳозира, балки барои ояндаи миллӣ" мебошанд.

Гузашта аз ин, аъзои гурӯҳи ҳамном, ки дар асоси он ҳизб таъсис дода шуд, чанде пеш барои ҳамла ба полки пайроҳадорон дар Ереван ҳукмҳои тӯлонӣ гирифтанд.

96
Барчаспҳо:
сарвазир, президент, Арманистон

Навори бозпурсии муҳоҷири ӯзбек, ки дар қатли як хонавода муттаҳам мешавад

528
(Таҷдидшуда 17:05 01.03.2021)
Муҳоҷири ӯзбек дар манзили ин хонавода кор мекард ва феълан аз ҷониби пулис дастгир гардидааст

Рӯзи 28 феврал дар деҳаи Кудмаи Нижний Новгород ҷасади чор узви як хонавода бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд. Дар куштори кӯдаки 5 сола, модари 41 - сола ва бобою бибии 64 ва 63 - сола ӯ муҳоҷири 26 - сола аз Ӯзбекистон муттаҳам дониста мешавад.

Гуфта мешавад, муҳоҷир давоми чанд муддат дар манзили онҳо кор мекард.

Дар ин ҳодисаи нохуш танҳо ду нафар наҷот ёфтанд, зеро дар замони рух додани ин ҳодиса дар манзили худ набуданд.

Тафтишот тахмин мекунад, ки муҳоҷир кушторро ба мақсади ғоратгарӣ содир намудааст, зеро пас аз қатл намудани соҳибони хона, ашёҳои гаронбаҳоро аз манзил ба берун баровардааст.

Ҳамчунин тафтишот ҳад мезанда, ки дар ин кор муҳоҷир танҳо набуда, чанд ҳаммаслаки дигар ҳам дошт.

Феълан нисбати муҳоҷир тибқи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

528
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

495
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

495