Нашри намоҳанги нави Ҳаётой Муъминова -видео

136
(Таҷдидшуда 16:41 10.10.2019)
Ҳаётой Муъминова, овозхони маъруфи тоҷик, намоҳанги нави худро таҳти унвони "Умри одам" сабт ва пешкаши мухлисон кард

Дар бораи сабти намоҳанги нав ҳунарманд дар саҳифааш дар Facebook хабар дода, барои омода кардани он ба Орзу Исоев, Ҷамшед Низомов, Азим ва Асомиддин изҳори сипос кардааст.

Матни суруди "Умри инсон"  ба қалами шоири халқии Тоҷикистон, Аксар Ҳаким, ки имрӯз 10 окятбр зодрӯз дорад, тааллуқ дорад.

Маҷмӯаи осори Аскар Ҳаким дар 7 ҷилд ба нашр расид

Суруди Ҳаётой Муъминова рӯзи 8 октябр дар шабакаи YouTube нашр шудааст.

Китоби 7 ҷилдаи Аскар Ҳаким рӯнамоӣ шуд

Ҳаётой Муъминова аз овозхонони саршиноси тоҷик мебошад, ки солҳост рӯи саҳнаи тоҷик аст.

136
Барчаспҳо:
нав, суруд, клип, Душанбе, Тоҷикистон