Путин гуфт, кӣ бинияшро шикаст? - навор

781
(Таҷдидшуда 13:28 11.10.2019)
Бокс нахустин намуди варзиш буд, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин онро машқ мекард. Пас аз шикастани бинии худ ӯ тарки бокс кард

Чанде қабл, раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз намоигоҳи "Варзиши муосир" дидан намуд, хабар медиҳад сомонаи Р-Спорт.

Бар хабари манбаъ, дар намоишгоҳи мазкур ба Владимир Путин дастпӯш барои бокс, ки бо алмос оро дода шудаст, ҳамчун тӯҳфа тақдим намуданд. Аснои тақдим намудани тӯҳфа ба раисҷумҳур изҳор намуданд, ки ин "тӯҳфа аз номи ҷамъияти муштзанҳои ҷаҳон" мебошад.

Зимнан раисҷумҳури Русия аз овони машқ кардан дар намуди бокс ёдовар шуда, афзуд, нахустин варзише, ки онро машқ мекард, бокс буд.

Аммо пас аз он ки бинии ӯро шикастанд, тарки бокс карда ва ба дигар намудҳои варзиш пайваст.

"Ман сараввал бокс машқ мекардам, вале бинии маро шикастанд ва бо ҳамин аз бокс рафтам. Ҳатто барои муоина назди пизишк ҳам нарафтам, худаш сиҳат шуд, аммо хеле дер", - ёдовар шудаст Владимир Путин.

Раисҷумҳурро ба машқи бокс даъват карданд ва ӯ гуфт ба шарте меояд, агар ӯро "накӯбанд".

781
Барчаспҳо:
бокс, Владимир Путин, Русия