Овозхонии Ҷӯрабек Муродов дар ҳалқаи занони англис дар мақбараи Сомонӣ - видео

341
(Таҷдидшуда 15:08 14.10.2019)
Ҷӯрабек Муродов Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳалқаи занони сайёҳ дар шаҳри Бухоро дар назди мақбараи Исмоили Сомонӣ шеъри асосгузори адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакиро зам зама кард

Дар Facebook наворе паҳн шудааст, ки дар он ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов дар ҳалқаи сайёҳони хориҷӣ дар назди мақбараи Исмоили Сомонӣ овозхонӣ мекунад.

Ҷӯрабек Муродов аз хонаи Садриддин Айнӣ мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфт

Ҳунарманд аз ашъори асосгузори адабиёти классики тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шеъри "Бӯи ҷӯи мулиён" - ро зам - зама карда, дар охир мегӯяд "Ҷурабекат шодмон оян ҳаме".

Овозхонии Ҷӯрабек Муродовро гардишгарон хеле хуш мепазиранд ва бо қарсакҳои пурмавҷ қадрдонӣ мекунанд.

Пештар Ҷӯрабек Муродов аз мухлисонаш хоҳиш карда буд, ки дар консерташ ба ӯ гул тақдим накунанд.

Хотироти Ҷӯрабек Муродов аз мулоқоте, ки бо Аҳмад Зоҳир як моҳ пеш аз маргаш дошт - Видео

Ӯ гуфт ба ҷои гул китоб ё фиттаҳои оҳангҳоро бихаранд, то ёдгорӣ бимонад ва аз он насли оянда баҳра бибарад.

341
Барчаспҳо:
Бухоро, Исмоили Сомонӣ, Ҷӯрабек Муродов