Соҳибкор ва модари ду фарзанд: Мафтуна мехоҳад ситораи синамо шавад - видео

387
(Таҷдидшуда 17:54 17.10.2019)
Истамова Мафтуна, соҳибкор, модари ду фарзанд орзу дорад ситораи синамо шавад. Барои бароварда кардани ин орзуяш Мафтуна ба озмуни "Зебосанам - 2019" омадааст

Дар шаҳри Панҷакент қисми дуюми даври аввали озмуни "Зебосанам - 2019" баргузор шуд. Ба ҳунару зебогии духтарон чаҳор довар - ҳунарманди театр ва кино Моҳпайкар Ёрова, корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, ҳунарманд Дамирбек Олимов ва овозхони маъруфи Тоҷикистон Нигина Амонқулова,, баҳогузорӣ карданд.

Духтарони зиёде барои намоиши ҳунару истеъдоди худ ба ин озмун омада буданд.

Истамова Мафтуна 24 сол дошта, соҳибкор, модари ду фарзанд мебошад. Ӯ орзу дорад ситораи синамо шавад. Барои бароварда кардани ин орзуяш Мафтуна ба озмуни "Зебосанам - 2019" омадааст. 

Ба нақли Мафтуна ӯ дар Русия бузург шуда, дар 18-солагӣ ба Тоҷикистон бозгаштааст. Айни замон ба соҳибкорӣ машғул аст ва мағозаи фурӯши пироҳан дорад.

"Ман аз хурдӣ орзу доштам, ситораи синамо шавам. Мехостам тариқи ин озмун ситора шавам", - мегӯяд Мафтуна.

Дилхоҳи Нозиршоҳ аз ҷуръати ин духтари тоҷик истиқбол карду ӯро ба даври дуюм роҳ дод. Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов низ ба Мафтуна посухи мусбӣ доданд, вале Моҳпайкар Ёрова мафтунаро аз ширкат дар даври дуюми озмуни "Зебосанам - 2019" маҳрум кард. 

Вале ровии барнома, Мубориз Усмонов қайд кард, ки бо гирифтани се овози мусбат Мафтуна ҳуқуқ дорад дар озмуни "Зебосанам - 2020" ширкат кунад.

Марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам -2019”, 6 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз гузаронидани озмунро эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад.

387
Барчаспҳо:
зебосанам, Синамо, Тоҷикистон, соҳибкор

Ваксина ва дастгирии иқтисодӣ: Путин ва Жээнбеков аз чӣ гуфтанд - видео

191
Президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочи бо президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дидору мулоқот кард

Дар рафти ин вохӯрӣ раҳбари Русия Владимир Путин ва кишвардори Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков масоили рушди шарокати стратегиро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла Жээнбеков аз Путин барои дастгирии кишвар изҳори сипос намуд.

"Қирғизистон доим китфи тавонои Русияро чун дӯсти воқеъӣ ва шарики наздик эҳсос мекунад. Дар ин давраи душвор. Ба шарофати шумо мо тавонистем вазъияти ҳамагириро дар кишвар муътадил гардонем ва ба шарофати шумо ба шаҳрвандони мо дар Русия кумак расонида шуд", - гуфт сиёсатмадори қирғиз.

Ҳамчунин Жээнбеков Путинро бо сабти нахустин ваксини коронавирус дар ҷаҳон муборакбод гуфт. Президент изҳори умед кард, ки шаҳрвандони Қирғизистон метавонанд ваксинаи нави "Спутник V" - ро яке аз аввалинҳо шуда дарёфт кунанд.

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

Дар навбаи худ, Владимир Путин нақшаи Русияро барои рушди муносиботи дуҷониба бо Қирғизистон ва дастгирии иқтисодии кишвар, тасдиқ кард.

191
Барчаспҳо:
хулосаҳо, вохӯрӣ, дидор, Сооронбой Жээнбеков, Владимир Путин

Идомаи даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ

222
(Таҷдидшуда 17:15 29.09.2020)
Даргириҳои миёни нирӯҳои Арманистону Озарбойҷон дар қаламрави минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ дубора оғоз шуд

Санаи 27 сентябр дар қаламрави ҷумҳурии эътирофнашуда даргириҳо оғоз шуданд. Арманисон ва Озарбойҷон ҳамдигарро дар доман задани низоъ гунаҳгор карданд.

Ҳар ду кишвар ҳамдиггарро дар ҳамла ба қаламрави якдигар муттаҳам мекунанд. Дар ҷараёни даргириҳои ахири миёни ду ҷумҳурии Қафқози Ҷанубӣ даҳҳо нафар аҳолии бегуноҳ ҷон додааст.

Ингуна даргириҳои шадид дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз соли 1994 мушоҳида нашуда буд – он замон даргириҳо хомуш шуда буд, аммо базҳс идома дошт.

Қонунанд Қаробоғи Кӯҳӣ қаламрави Озарбойҷон ба ҳисоб меравад, вале дар соли 1991 баъд аз баргузории овоздиҳии умумии ҷумҳурӣ истиқлолияти худро эълон кард.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳон истиқлолияти ҷумҳурии  Қаробоғи Кӯҳиро касе ба расмият нашинохтааст. Таърихан дар Қаробоғи Кӯҳӣ арманиҳо зиндагӣ мекунанд.

Қарор аст, шоми 29-уми сентябр Шӯрои амнияти СММ ҷаласаи изтирориро барои баррасии ин низоъ барпо кунад, чун хатари ҷалби қудратҳои минтақавии Русияву Туркия ҳам ба миён омадааст.

222
Барчаспҳо:
оғоз, даргириҳо, баҳс, Озарбойҷон, Арманистон, Қарабоғи Кӯҳӣ
Абдулла Абдулла

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад

19
(Таҷдидшуда 12:58 30.09.2020)
Раиси Шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар дидор бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон таъкид кард, ки музокироти сулҳи байни афғонҳо ба кундӣ пеш меравад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ахиран ба Исломобод сафар карда аст, аз ҳимояти Покистон дар заминаи оташбас дар Афғонистон истиқбол зикр кард, ки  агар аз фурсати торихии пеши рӯ истифода нашавад, буҳрон дар ин кишвар шадид хоҳад шуд.

Раиси шӯроии олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо қадрдонӣ аз Покистон ба хотири ташвиқи Толибон ба ширкат дар гуфтугуҳои сулҳ афзуд, ки таъмини сулҳи пойдору одилона дар Афғонистон ба сӯди ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҳамсоя мебошад.

 Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон дар навбати худ гуфтааст, ки сафари Абдуллоҳ равобити миёни ду кишвари Афғонистону Покистонро вориди марҳалаи тозае мекунад ва ниёз аст фасли наве дар равобити ду тараф гушуда шавад.

Вазири хориҷаи Покистон таъкид кард, ки кишвараш уҳдадор ба дахолат накардан дар умури Афғонистон аст ва аз талошҳои сулҳ пуштибонӣ мекунад, зеро Исломобод муътақид аст, ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва танҳо роҳ, гуфтугӯ аст.

“Набояд аз хоки Покистону Афғонистон алайҳи якдигар истифода шавад ва иродаи сиёсӣ ҳам дар ин замина вуҷуд дорад”, - гуфт Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ.

19
Барчаспҳо:
Покистон, музокирот, сулҳ, Афғонистон, Абдулло Абдулло