Қолабшикании Манижа бо намоҳанги нав: аз чакану чилкокул то ишқи ҷавони рус - видео

584
(Таҷдидшуда 18:17 22.10.2019)
Манижа Сангин - овозхони тоҷиктабори муқими Русия, рӯзи 21 октябр суруд ва намоҳанги нави худр таҳти унвони "Сейчас дважды не случится" (Ин лаҳза дубора намеояд), пешкаши мухлисон кард

Ин бор Манижа образи худро пурра ба духтари тоҷик монанд карда, дар тан пироҳани чакан ва дар сар рӯймол бо чил кокули бофта, аз ишқи миёни духтари осиёимиёнагӣ ва ҷавони рус нақл мекунад.

Намоҳанг дар шакли филмҳои Даврони Шӯравӣ ба навор гирифта шудааст.

Нақши асосиро дар намоҳанг худи Манижа Сангин бозидааст. Бо ин суруд ва клипи худ Манижа қолабшиканӣ карда, мехоҳад ба мардум бирасонад, ки ҳар лаҳзаи ҳаёт такрорнашаванда ҳаст ва ишқу муҳаббат марзу сарҳадро намепазирад.

Дар бораи намоҳангу суруди ҷадидаш Манижа дар саҳифааш дар Instagram  чунин навиштааст:

"Ин ҳодиса аз ҳаёти мову шумо аст, ки пур аз маҳдудиятҳост: "зан бояд", "муйсафедҳо наметавонанд...", "бегонагон бад ҳастанд". Ҳамин тавр ҳодисаҳои муҳимтаринро ҳафз мекунем, дар "даҳон об гирифта". Вале ҳамин лаҳза дубора рух намедиҳад".

Пештар Манижа суруди "Завтрак" (Наҳорӣ) -ро ба забони русӣ иҷро кард, ки аз оғози зиндагии нав қисса мекунад.
То ин дам Манижа намоҳанги таронаи "Мама" - "Модар" - ро низ пешниҳод карда буд.

Намоҳанги нави Манижа ба суруди "Модар": +18

Дар намоҳанг аз хонаводае қисса мешавад, ки марди оила ҳар шаб ба ҳамсар ва духтараш дармеафтад.

Коргардони намоҳанг Ладо Кватания буда, дар навор саҳнаҳои зӯроварӣ дида мешавад ва тамошои он танҳо ба ашхоси аз 18 боло тавсия дода шудааст.

584
Барчаспҳо:
намоҳанги нав, намоҳанг, Манижа Сангин
Мавзуъ
Манижа Сангин ба Тоҷикистон меравад?
Манижа Сангин дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад
Олӣ ва ғайриоддӣ: дар Маскав консерти Манижа Сангин баргузор шуд